Тафсири Сураи Ёсин Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 21
اتَّبِعُوۡا مَنۡ لَّا يَسۡــٴَــلُكُمۡ اَجۡرًا وَّهُمۡ مُّهۡتَدُوۡنَ ٢١
Иттабиъу ма-л ла яс-алукум аҷра-в ва ҳум-м муҳтадун. 21.
21. Касеро пайравӣ кунед, ки аз шумо ҳеҷ музде наметалабад ва онҳо роҳёфтагонанд.
Ҳабиби наҷҷор аввалан аз расулон мепурсад, ки шумо аз ин даъвататон ягон музде талаб доред? Онҳо мегӯянд: «На!» Бори дигар аз рӯйи дилсӯзӣ рӯ ба Қавми худ оварда мегӯяд, ки ай Қавми ман, ин расулони содиқу мухлис бар ивази панду насиҳате, ки ба шумо мекунанд, ягон музд ё чизи дигар тамаъ надоранд, пас бояд онҳоро пайравӣ намоед. Онҳо ҳидоят ёфтаву соҳибсиратанд ва пеш аз он, ки шуморо ба сӯйи тавҳид даъват намоянд, худ ҳидоятёфтагонанд. Ҳайронам, чаро шумо фармони Илоҳиро, ки ба василаи ин пайғамбарон ба шумо расидааст, бо як дилгармӣ Қабул намекунед? Ҳабиби наҷҷор бар сухани худ афзуда гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «