Тафсири Сураи Ёсин Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 20
وَجَآءَ مِنۡ اَقۡصَا الۡمَدِيۡنَةِ رَجُلٌ يَّسۡعٰى قَالَ يٰقَوۡمِ اتَّبِعُوا الۡمُرۡسَلِيۡنَۙ ٢٠
Ва ҷаа мин ақса-л-мадӣнати раҷулу-й ясъа Қола йа Қавмиттабиъу-л-мурсалӣн. 20.
20. Ва аз охири он деҳа марде давон-давон омаду гуфт: «Эй Қавми ман, фиристодагонро пайравӣ кунед.
Дар мазмуни ин оят Ибни Касир чунин мегӯяд: «Чун аҳли Қария барои Қатли расулони Худо ҳаракат намуданд, аз поёни шаҳр марди солеҳе бо номи Ҳабиби наҷҷор бо шитоб ба кӯмаки расулон расид. Ӯ марде буд шоҳибоф ва ағлаби даромади худро ба ҳоҷатмандон садақа медод …» Аммо Қуртубӣ мегӯяд: «Ҳабиби наҷҷор марди ҷуззомӣ (касале, ки гӯшти инсон мерезад) буду хонаи ӯ дар поёни шаҳр ҷой дошт ва муддати 70 сол ба иътикофи (ибодати) бутҳо нишаста, то ба дардаш шифо бахшанд, пеши онҳо гиряву зорӣ ва дуо менамуд. Вале ҳеҷ набуд, ки бутҳо ба фарёдаш расанду аз ин бало наҷоташ диҳанд. Ҳангоме ки расулони Худо вориди Қарияи Антокия мешаванд, Қабл аз ҳама Ҳабиби наҷҷорро мебинанд ва ӯро ба сӯйи тавҳид даъват менамоянд. Ӯ суханони фиристодагони Худоро шунида, мегӯяд: «Магар шумо ягон нишоне барои тасдиқи гуфтаҳои хеш доред?» Расулони Худо мегӯянд: «Оре, айни ҳол мо ба сӯйи Аллоҳ, ки ба ҳама чиз Қодиру тавоност, дуо мекунем ин дарде, ки дар бадани туст ба хости Ӯ таъоло дур хоҳад шуд». Ҳабиби наҷҷор бо диққат онҳоро гӯш карда гуфт: Ин бисёр аҷиб аст, ман муддати 70 сол худоҳои худро, яъне бутҳоро ибодат карда, дуо менамоям, то ба дарди ман шифо бахшанд, аммо ҳеҷ суде нест ва шумо мегӯед мо ба Худои худ дуо мекунем, дар як лаҳза шифо хоҳӣ ёфт? Фиристодагони Худо гуфтанд: «Оре, Парвардигор бо он чӣ мехоҳад, Қодиру тавоно аст, аммо ин бутҳое, ки ту мепарастӣ, на манфиъат расонида метавонанду на зиён».
Хулоса, Ҳабиби наҷҷор имон ба Худои ягона меорад ва расулон барои ӯ дуо мекунанд ва Худованди кариму раҳим ба дарди ӯ шифо мебахшад. Чун фиристодагони Худо вориди Антокия шуда, Қавмро ба сӯйи Худои ягона мехонанд, ҷои он, ки панд бигиранд, расулонро ба Қатл ҳукм мекунанд. Дар ҳамин лаҳза Ҳабиби наҷҷор ба ёрии онҳо мешитобад. Ӯ рӯй ба мардум оварда мегӯяд, ки эй Қавми ман, эй ҳамдиёрони ман, ончи ин расулони гиромӣ мегӯянд, рост мегӯянд. Дар ҳақиқат онҳо шуморо ба сӯйи Худои ягона мехонанд. Ман аз рӯйи муҳаббати ҳамдиёрӣ омадам, то шуморо бифаҳмонам, ки ба ин фиристодагони Худо тобеъ шаведу он чӣ мегӯянд, ба он бовар намоед. Суханашро бори дигар идома дода гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «