Тафсири Сураи Ёсин Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 40
لَا الشَّمۡسُ يَنۡۢبَغِىۡ لَهَاۤ اَنۡ تُدۡرِكَ الۡقَمَرَ وَلَا الَّيۡلُ سَابِقُ النَّهَارِؕ وَكُلٌّ فِىۡ فَلَكٍ يَّسۡبَحُوۡنَ ٤٠
Ла-ш-шамсу янбағӣ лаҳа ан тудрика-л-Қамара ва ла-л-лайлу сабиқу-н-наҳар. Ва куллун фӣ фалаки-й ясбаҳун.40.
40. Офтобро сазовор нест, ки Моҳро дарёбад ва на шабро сазовор аст, ки бар рӯз пешгузаранда бошад ва ҳар яке дар мадори худ шинокунандаанд.
Аллоҳтаъоло дар хатти сайри Офтобу Моҳтоб тафовут гузошт, ки ҳар яке ба маҷрои худ дар ҳаракатанд. Монанди ин ба шаб ҳукм нашудааст, ки рӯзро маҳв созаду худ ҳукмфармо бошад.
Хулоса, Офтоб, Моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ дар хатти сайри худ бо низоми муаяйн ҳаракат мекунанд. Онҳо дар роҳи ҳаракати худ хато намекунанд, бо ҳам бархӯрда гирифтори садама намегарданд. Аз мазмуни оятҳо маълум мегардад, ки Офтоб, Моҳтоб ва ситорагон дар ҳаракатанд ва ба ҳеҷ чиз маркуз (часпида) нестанд. Саҳеҳ аст, ки дар оятҳо баёни Қудрати беандозаи Аллоҳтаъоло акс ёфтааст. Ҷуз Худованд ҳеҷ зоте ба ин корҳо Қудрат надорад. Пас оё Ӯ таъоло лоиқи парастиш нест? Албатта, ҳаст.
Агар Аллоҳтаъоло барои Офтобу Моҳтобу ситорагон чунин як низоми муайян ҷорӣ намекард, ҳаёт барои башар имконнопазир мегардид. Локин чунин рӯз, албата, омаданист, ки онро Қиёмат гӯянд ва кай омадани он танҳо ба Худованди бар ҳама чиз доно маълум асту халос.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «