Сураи Ёсин Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 41

وَاٰيَةٌ لَّهُمۡ اَنَّا حَمَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُمۡ فِى الۡفُلۡكِ الۡمَشۡحُوۡنِۙ ٤١

Ва аяту-л лаҳум анна ҳамална зуррийятаҳум фи-л фулки-л-машҳун. 41.

41. Ва нишонаи дигар барои онҳо ин аст, ки ҳаройина, Мо насли онҳоро дар он киштии пуркардашуда бардоштем.

Нишонаи дигаре, ки ба Қудрати комили Аллоҳтаъоло далолат мекунад, ин аст, ки Парвардигор баҳрҳоро барои бардоштану шино намудани киштиҳо мусаххар гардонидааст. Аз ҷумла, аввалин киштие, ки дар олам пайдо шуд, киштии Нӯҳ (а) буд, ки ӯ аз муъминон ва дигар ҷонварони ҷуфт-чуфт гирифташуда пур буд. Аллоҳ онҳоро ба воситаи киштӣ аз тӯфони ҳалоккунанда наҷот дод. Баъд аз тӯфон ба ғайри онҳо дигар ягон зуррияи Одам (а) дар рӯйи Замин боқӣ намонд. Инчунин Худованд ба Нӯҳ (а) амр намуд, то аз ҳар як ҷинси ҳайвон як ҷуфтӣ бо худ бигирад ва зиндагиро аз сари нав дар рӯйи Замин баъди тӯфон давом бидиҳад. Агар на, Валлоҳу аълам тухми инсон аз рӯйи Замин бардошта мешуд. Ин буд, ки насли инсон баъди тӯфони Нӯҳ (а) то имрӯз боқӣ монд. Дар ин мазмун ишораи дигаре ҳам ҳаст, ки ин насли инсон то рӯзи Қиёмат боқӣ мемонад.

Дар ояти зер Аллоҳтаъоло бори дигар бар бандагони Худ миннат ниҳода фармудааст…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)