Сураи Ёсин Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 39

وَالۡقَمَرَ قَدَّرۡنٰهُ مَنَازِلَ حَتّٰى عَادَ كَالۡعُرۡجُوۡنِ الۡقَدِيۡمِ ٣٩

Ва-л-Қамара Қаддарнаҳу маназила ҳатта ъада ка-л-ъурҷуни-л-Қадӣм. 39.

39. Ва барои Моҳ манзилҳо муқаррар кардем, то он ки монанди шохчаи куҳнаи хурмо бозгардад.

Аллоҳтаъоло барои ҳаракати Моҳ манзилҳоро муқаррар кардааст. Вай ҳар дафъа баъд аз тай намудани ин манзилҳо боз ба манзили аввалааш бармегардид, яъне ҳаракати Моҳ даврӣ аст. Моҳ ҳангоми сайри худ аз ҳадди барояш муайянкардаи Худованд таҷовуз намекунад.

Мувофиқи маълумоти олимони илми астрономия Моҳ атрофи Замин аз рӯйи хатти (мадори) муайяни аз тарафи Худованд муқарраршуда даврӣ харакат менамояд ва мо ҳар шаб онро дар манзили дигаре мушоҳида мекунем. Моҳ тақрибан дар як моҳ як маротиб артрофи заминро давр мезанад. Дар натиҷа, шакли равшани аз Замин мушоҳидашавандаи Моҳ рӯз ба рӯз тағйир меёбад. Дар аввал намуди Моҳ борики ҳилолшакл аст. Бо гузаштани рӯзҳо шакли он тағйир ёфта шаби 14-ум шакли давраро мегирад, яъне пурра мегардад. Баъд, бо тадриҷ, хурд гашта, дар охир шакли он монанди шохчаи кӯҳнаи хурмо борику хамида (камоншакл) мегардад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)