Сураи Ёсин Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 42

وَخَلَقۡنَا لَهُمۡ مِّنۡ مِّثۡلِهٖ مَا يَرۡكَبُوۡنَ‏ ٤٢

Ва халақна лаҳум-м мим мислиҳӣ ма яркабун. 42.

42. Ва монанди киштӣ аз барои онҳо он чиро офаридем, (ки) бар он савор мешаванд.

Яъне Аллоҳтаъоло мефармояд, ки ба монанди он киштии Нӯҳ (а) киштиҳо офардем. Ин ҷиҳоз маҳз барои шумо сохта шуд, то ба он нишаста барои иҷрои мақсуди хеш аз ҷое ба ҷое равед. Дар ин оят офаридани (халқ кардани) киштӣ ба сӯйи Ӯ таъоло нисбат дода шудааст, беасос нест, зеро ҳеҷ Зоте ғайри Аллоҳтаъоло соҳиби сифати Офаридгорӣ (холиқ будан) нест. Бесабаб нест, ки дар урфият мегӯяд «Инсон киштӣ сохт», яъне инсон ба ҳаракат ва амали худ фақат чизеро «месозад», лекин офаридан (халқ кардан) аз Худост. Агар Парвардигор иродаи офаридан накунад, инсон ҳеҷ чиз «сохта» наметавонад.

Дар ин мазмун Ибни Аббос (раз) мегӯяд, ки мурод аз ибораи “монанди киштӣ” ин уштур ва ҷамии маркабҳои (воситаҳои саворшавии) дигар аст, ки дар рӯйи Замин мисли киштӣ хизмат мерасонанд. Хулоса, он ҳамаро Аллоҳ барои ҳоҷатбарории инсонҳо биёфарид.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)