Сураи Ёсин Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 43

وَاِنۡ نَّشَاۡ نُغۡرِقۡهُمۡ فَلَا صَرِيۡخَ لَهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنۡقَذُوۡنَۙ ٤٣

Ва ин-н-нашаъ нуғриқҳум фа ла сарӣха лаҳум ва ла ҳум юнқазун. 43.

43. Ва агар хоҳем онҳоро ғарқ кунем, пас, фарёдрасе барои онҳо набошад ва на онҳо халос карда шаванд,

Хости Аллоҳтаъоло будааст, ки як мушти хок, яъне фарзанди Одам (а) баҳрҳои беканору пурхавфу хатарро тай мекунад, ҳол он ки дар асл инсони заъиф ва киштиҳои бузург дар муқобили ин баҳрҳо дақиқае истодагарӣ карда наметавонанд. Ин ҳама аз Қудрати Парвардигори банданавоз аст, ки киштиҳо дар дарё ва баҳрҳо шино мекунанд. Агар Аллоҳтаъоло иродаи ғарқ сохтани киштиро кунад, кӣ метавонад онро дар миёнаи баҳр наҷот диҳад? Аз меҳрубонӣ ва маслиҳати Аллоҳтаъоло будааст, ки мусофирони киштиро эмин нигоҳ доштаю зери тақозо ва ҳикмати Худ гирифта, то дар фурсату вақти муайяни хостаи Худ нигоҳ медорад.

Мутаассифона, на ҳама ин нишонаҳо ва неъматҳоро мефаҳманду на ҳам шукронаи онро ба ҷой меоранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)