Тафсири Сураи Ёсин Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 44
اِلَّا رَحۡمَةً مِّنَّا وَمَتَاعًا اِلٰى حِيۡنٍ ٤٤
Илла раҳмата-м минна ва матаъан ила ҳӣн. 44.
44. Магар ба раҳмати Мо ва барои баҳраманд сохтан то вақти марг.
Эзоҳи ин оят дар боло гузашт. Давоми эзоҳ ин аст, ки агар ба инсонҳо ҳангоми сафари баҳр, ғарқ шудан таҳдид кунад, ҳеҷ кас ба чуз Аллоҳтаъоло онҳоро наҷот дода наметавонад. Ин раҳмати Офаридгор аст, ки онҳоро то расидани аҷалашон куҷо ки бошанд, чи дар бар ва чи дар баҳр дар амон нигоҳ медорад. Албатта, нишастану баҳра бурдани мардум аз киштии болои баҳр ва шино намудани онҳо бо борҳояшон аз Қудрати Аллоҳтаъоло будааст, ки ба макони мақсуди худ мерасанд. Роҳнамойи дар шабу рӯз ва барои сайри киштӣ ҳавои мувофиқро он Зоти пок халқ намекард, кӣ метавонист халқ кунад? Ӯ Худоест Қодиру карим ва барои бандагони Худ раҳим. Аммо, мутаасифона, бандагоне ҳастанд, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «