Сураи Ёсин Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 47

وَاِذَا قِيۡلَ لَهُمۡ اَنۡفِقُوۡا مِمَّا رَزَقَكُمُ اللّٰهُ ۙ قَالَ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا لِلَّذِيۡنَ اٰمَنُوۡۤا اَنُطۡعِمُ مَنۡ لَّوۡ يَشَآءُ اللّٰهُ اَطۡعَمَهٗٓ ۖ اِنۡ اَنۡـتُمۡ اِلَّا فِىۡ ضَلٰلٍ مُّبِيۡنٍ‏ ٤٧

Ва иза Қӣла лаҳум анфиқу мим ма разақакумуллоҳу Қола-л-лазӣна кафару лил лазӣна аману анутъиму ма-л лав яшауллоҳу атъамаҳу ин антум илла фӣ Залали-м мубӣн. 47.

47. Ва чун ба онҳо гуфта шавад: «Аз он чӣ шуморо Аллоҳ додааст, харҷ кунед, ононе ки кофир шуданд, ба ононе ки имон оварданд, гӯянд: «Оё касеро, ки агар Аллоҳ мехост, ӯро таъом медод, мо ӯро таъом диҳем?». Нестед шумо (кофирон) магар дар гумроҳии ошкор.

Агар ба ин тоифае, ки дар боло сифаташон гузашт, насиҳат карда шавад, ки аз он чи Аллоҳтаъоло ба шумо ато кардааст, ба бечорагону ҳоҷатмандон нафақа диҳед, ба Худо кофиршудагон дар ҷавоб ба муъминон мегӯянд, ки мо аз моли худ, ба онҳое, ки Аллоҳтаъоло онҳоро фақир гардонидааст, садақа бидиҳем? Ҳаргиз, чунин нахоҳем кард. Шумо (муъминон) ошкоро гумроҳ ҳастед, оё инро намедонед, ки агар Аллоҳ мехост онҳоро ҳам мисли мо тавонгар месохту таъом медод?

Ибни Аббос (р) мегӯянд: «Дар Макка як гурӯҳи зиндиқҳо (кофирҳо)-и сарватманд буданд, ҳар гоҳе ба онҳо гуфта мешуд, ки аз зиёдатии моли худ ба мискинон садақа кунед, дар ҷавоб мегуфтанд: «Ба шумо чӣ шуд ки ин Қадар аз моли мо тамаъ мекунед? Қасам ба Аллоҳ, ҳаргиз ин корро мо намекунем, чӣ шахсонеро, ки Аллоҳтаъоло фақиру нотавон сохтааст, мо онҳоро таъом бидиҳем?! Ин молҳоро мо худ меҳнат кардаву барои худ дастрас намудаем, чунон ки шумо мегӯед, Аллоҳ Қодир аст, пас ин фақиронро ӯ таъом диҳед!» Ин мушрикони сафиҳ (камфаҳм) намедонистанд ё донистан намехостанд, ки хазинаҳои осмону Замин ва ризқу рӯзӣ ҳама дар тасарруфи Холиқи ягона аст. Аз иродаи Ӯ таъолост, ки барои ибтило (имтиҳон) баъзеро ғанӣ ва баъзеро фақир гардонидааст, то дар зоҳир бубинад, ки ғанӣ ба фақир чӣ гуна меҳрубон аст ва фақир дар муқобили камбағалии худ чӣ гуна сабру шикебоӣ нишон медиҳад. Манъ кардани Аллоҳ молро аз фақир аз рӯйи бухл нест. Ҳамчунин амр кардан ғаниро ба садақа додан ба фақир аз рӯйи ҳоҷатмандии Ӯ таъоло нест. Ин ҳама муомила аз рӯйи имтиҳон зоҳиран сурат мегирад. Ин иродаи Аллоҳтаъолост. Ба иродаи Аллоҳтаъоло ҳеҷ кас эътироз карда наметавонад ва ҳукми Ӯ чуну чаро надорад.

Ояти зер низ аз ёвагӯйии кофирон ҳарф мезанад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)