Тафсири Сураи Ёсин Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 48
وَيَقُوۡلُوۡنَ مَتٰى هٰذَا الۡوَعۡدُ اِنۡ كُنۡتُمۡ صٰدِقِيۡنَ ٤٨
Ва яқулуна мата ҳазал ваъду ин кунтум содиқӣн. 48.
48. Ва (кофирон) мегӯянд: «Агар аз ростгӯён ҳастед, ин ваъда (Қиёмат) кай ба амал меояд?».
Ҳар гоҳе ба онҳо аз боби Қиёмат, сахтии он рӯз ва азобу ҷазои он мавъиза карда шавад, ба ҷои дарси ибрат гирифтану барои он рӯз омодашудан бепарвоёна ва бошитоб ин суханро дурӯғ ҳисобида, мегӯянд, ки он чи шумо аз Қиёмату даҳшатнокии он рӯз моро хабару ваъда медиҳед, агар шумо ростгӯй бошед, пас ба мо бигӯед он рӯз кай ба вуқӯъ меояд?
Ояти зерин ҷазои чунин ашхосро баён месозад. Онҳо омадани он рӯзро дур наҳисобанд, зеро омадани чунин рӯз Қариб аст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «