Тафсири Сураи Ёсин Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 46
وَمَا تَاۡتِيۡهِمۡ مِّنۡ اٰيَةٍ مِّنۡ اٰيٰتِ رَبِّهِمۡ اِلَّا كَانُوۡا عَنۡهَا مُعۡرِضِيۡنَ ٤٦
Ва ма таътӣҳим-м мин аяти-м мин айати Раббиҳим илла кану ъанҳа муъриЗӣн. 46.
46. Ва ба онҳо ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигори онҳо намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон бошанд.
Ҳар Қадар, ки Аллоҳтаъоло барои тавҳиду тасдиқи Пайғамбари Худ (с) аломатҳою бурҳонҳо ва муъҷизаҳои бузург таъйиду таъкид кунад ҳам, мушрикон фикр накарда, онро нодида мегиранд. Ба дурӯғ ҳисобидани рисолат (пайғамбарӣ) рӯйи оварда, даст ба мазоҳу истеҳзои расулон мезанад. Ин аст одати мушрикони мутакаббир, ки аз омадани пайғамбарон ҳеҷ манфиъате намебардоранд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «