Сураи Ёсин Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 50

فَلَا يَسۡتَطِيۡعُوۡنَ تَوۡصِيَةً وَّلَاۤ اِلٰٓى اَهۡلِهِمۡ يَرۡجِعُوۡنَ ٥٠

Фа ла ястатӣъуна тавсията-в ва ла ила аҳлиҳим ярҷиъун. 50.

50. Пас, он гоҳ ҳеҷ васияте натавонанд (кунанд) ва на ба аҳли худ бозгашта тавонанд.

Валлоҳу аълам, мазмуни ояти карим чунин аст. Дар ҳақиқат бар сари он шахоне, ки сифаташон дар боло гузашт, он балоҳое, ки Расулон аз омадани онҳо огоҳашон карда буданд чи ба тариқи умум ояд ё ба тариқи фардӣ, ё ин ки дар охир он балои оламшумул, яъне сури Исрофил (а) дамида шавад, дигар барои шахсони номбурда фурсате муяссар нашавад, ки кореро бо ҳамдигар васият кунанд. Ҳатто дигар, агар беруни хона бошанд, наметавонанд ба назди аҳлу аёли худ раванду бо ҳамдигар хайру хуш намоянд.

Дар мазмуни ҳадис омад, ки агар соати Қиёмат фаро расад, он чунон аст, ки ду мард либосеро барои хариду фуруш пеши худ кушода бошанд, дигар фурсат нашавад, ки онро Қатъ намояд. Ё фарде обро барои нӯшидан таёр карда бошад, дигар вақте наёбад, ки он обро бинӯшад ва ё инсоне луқмаи нонеро ба сӯйи даҳон хоҳад барад, ин ба вай муяссар нагардида, сур дамдида мешавад ва ҳама кор дар нимроҳа мемонад. Бо дамдидани сури аввал ҳама ба ҷуз Офаридгор ҷон аз Қолиб тиҳӣ созанд.

Ояти зер давоми оятиҳои Қаблӣ буда дар он Худованд фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)