Тафсири Сураи Ёсин Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 49
مَا يَنۡظُرُوۡنَ اِلَّا صَيۡحَةً وَّاحِدَةً تَاۡخُذُهُمۡ وَهُمۡ يَخِصِّمُوۡنَ ٤٩
Ма янзуруна илла сайҳата-в ваҳидатан таъхузуҳум ва ҳум яхиссимун. 49.
49. Интизорӣ намебаранд, магар як наъраи сахтро, онҳоро дар ҳоле бигирад, ки дар муъомилоти худ хусуматкунандагон бошанд,
Аз аввал чунин омадааст, ки расулони Аллоҳ мардумро ба сӯйи ваҳдат даъват мекарданд. Куффор зиддият нишон медоданду бепарвоёна ба корҳои худ, бо хусумати байни ҳамдигар машғул мешуданд. Аз азобе, ки онҳоро тарсонида мешуд, ҳарос намекарданд, зеро ба он боварӣ надоштанд. Ногоҳ ғайри интизору чашмдошти онҳо азобу фоҷиа дар шаклҳои гуногун ба сари онҳо воқеъ мегашт, ки ҳама ба хок яксон мегардиданд.
Аммо Ибни Касир навъи ҳалоки кофиронро чунин баён намудаанд: «Мусаллам аст, ки кофирон аз давалату сарват, сиҳатмандӣ ва дигар хоҳишоти нафсонӣ бархурдору аз тарзи зиндагонии худ ризоанд. Бинобар ин, мавъиза бар онҳо таъсир набахшад, ҳатто аз шунидани насиҳат писхан мекунанд. Онҳо фориғболона ба тиҷорату хусумат ва дигар корҳои худ тавре машғуланд, ки гӯё дар ин дунё ҷовидон мемонанд ва ҳеҷ кас гӯё ба онҳо сару кор надорад. Ногоҳ садои бадҳайбати сури Исрофил онҳоро дар таҳлука меандозад ва ҳама ба чанги гирои марг супорида хоҳанд шуд. Дигар пушаймонӣ фоидае ба онҳо набахшад». Ин маъниро ояти зер идома медиҳад…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «