Тафсири Сураи Ёсин Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 54
فَالۡيَوۡمَ لَا تُظۡلَمُ نَفۡسٌ شَيۡـــًٔا وَّلَا تُجۡزَوۡنَ اِلَّا مَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ٥٤
Фа-л-явма ла тузламу нафсун шай-ав ва ла туҷзавна илла ма кунтум таъмалун. 54.
54. Пас, имрӯз бар ҳеҷ нафс ҳеҷ ситаме карда нашавад ва подош дода намешавед, магар мувофиқи он чӣ мекардед.
Дар он рӯз подоши амалҳои нек ва ҷазои амалҳои бад аз рӯйи адли Илоҳӣ сурат мегирад. Ба ҳеҷ кас зулм карда намешавад. Ҳама мувофиқи амалҳои кардаашон ҷазо ё мукофот мегиранд. Ҳеҷ як амали хайр сарфи назар карда нашавад ва гуноҳи касе бар каси дигаре, агар зулм накарда бошад, зам карда нашавад. На аз ҳасаноти касе кам ва на бар гуноҳҳои касе зиёдатӣ гузошта шавад. Ҳар ки дар номаи аъмолаш хайреро бинад, пас бояд алҳамдулиллоҳ гӯяд, агар ғайри инро ёбад, ба ғайри худ ҳеҷ касро маломат накунад.
Оятҳои баъдӣ аз аҳли Ҷаннат сухан оғоз намудаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «