Сураи Ёсин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 6

لِتُنۡذِرَ قَوۡمًا مَّاۤ اُنۡذِرَ اٰبَآؤُهُمۡ فَهُمۡ غٰفِلُوۡنَ ٦

Ли тунзира Қавма-м ма унзира абауҳум фаҳум ғафилун. 6.

6. То Қавмеро, ки падарони онҳо тарсонида нашудаанд, битарсонӣ, пас, онон ғофиланд.

Ай Муҳаммад (с), мақсад аз фуруд овардани Қуръон ва ба шарафи пайғамбарӣ расонидани ту ин аст, ки Қавми гирифтори ҷаҳолатгаштаи арабро аз азоби Илоҳӣ битарсонӣ, аз ин роҳи хато бигардонӣ ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоӣ. Зеро хеле солҳои зиёде паси сар гардид, вале ба онҳо расуле ва китобе фиристода нашуд. Аз ин рӯ онҳо ба авлоду падарони хурофотпарасти хеш пайравӣ намуда, дар зулмоти ширку бутпарастӣ ғарқ гашта, аз ҳидояту имону эҳсон ғофил мондаанд. Бешубҳа, ба дӯши Пайғамбари Аллоҳ як вазифаи бисёр душвор ва сангин вогузор карда шудааст. Оё Қавмеро, ки тӯли Қарнҳо ҳеҷ бедоркунандае ба сӯйи онҳо фиристода нашуда бошад, бедор сохтану аз роҳи хато ва ҷаҳолат озод намудан осон аст?


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)