Сураи Ёсин Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 7

لَقَدۡ حَقَّ الۡقَوۡلُ عَلٰٓى اَكۡثَرِهِمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُوۡنَ ٧

Лақад ҳаққа-л-Қавлу ъала аксариҳим фа ҳум ла юъминун. 7.

7. Батаҳқиқ, ҳаққ собит шудааст сухан (азоб) бар аксари онҳо, пас, аксари онҳо имон намеоранд.

«Лом»-е ки пеш аз калимаи «Қад» омада аст «лом»-и Қасам аст. Яъне Валлоҳ (Қасам ба номи Аллоҳ), ки бар аксари ин ҷамоъати мушрикон, ки доимо дар куфру инкорашон боқӣ монданду имон наоварданд ва панду тарс додан дар Қалби онҳо ҳеҷ таъсир накард, азоби нор воҷиб шудааст. Зеро чунин Қавми ҷоҳилу ғафлатзада на аз Аллоҳ хабар доштанду на аз охират огаҳӣ ва на аз гузашта ибрат мегирифтанду на дар фикри оянда буданд. Торикиҳои ҷаҳолат дар назари онҳо рушду ҳидоятро мемонд. Шайтон бар онҳо чунон мусаллат шуда буд, ки ба панду насиҳат гӯш намедоданд ва майли шунидани панду мавъизаро низ надоштанд. Чун инсон дорои чунин хислатҳои бад гардад, зиндагии ҷаҳони дигарро инкор мекунад, хоҳишоти фонии худро Қиблаи мақсуди хеш Қарор медиҳад.

Хулоса, шахсоне, ки нахостанд ҳақиқатро эътироф кунанд ва зиндагии мувофиқи нафси худро дуруст донистанд, ҳамчунин ба шунидани насиҳат рағбат накарданд, гӯё чашм доранд, вале намебинанд, гӯш доранд, аммо намешунаванд. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло чунин шахсонро аз лутфу марҳамати Худ дур гардонида Ҷаҳаннамро аз шайтонҳо ва чунин тоифа пур месозад. Аллоҳ донотар аст.

Ояти зер ҳам дар ҳаққи чунин тоифа, валлоҳу аълам, нозил шудааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)