Тафсири Сураи Ёсин Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 63
هٰذِهٖ جَهَنَّمُ الَّتِىۡ كُنۡتُمۡ تُوۡعَدُوۡنَ ٦٣
Ҳозиҳӣ Ҷаҳаннаму-л-латӣ кунтум туъадун. 63.
63. Ин Ҷаҳаннам он Ҷаҳаннамест, ки шуморо дар дунё ваъда дода мешуд.
Яъне гурӯҳе, ки шайтонро итоат намуданд, дар натиҷа мехоҳанд ё на, вориди Ҷаҳаннамашон мегардонанд ва дар ҳамин асно Аллоҳтаъоло ё гурӯҳи фариштагон ба онҳо мегӯянд, ки ин ҳамон оташи Ҷаҳаннам аст, ки расулони Аллоҳ шуморо аз он хабару ваъда дода буданд, аммо шумо бошед, онҳоро дурӯғгӯй меҳисобидед. Акнун бо чашми худ бубинед, ки он ваъдаву ваъид ҳаққасту рост.
Ассовӣ дар ҳошияи тафсири «Ҷалолайн» чунин меорад: «Ин сухани аламовару пушаймонӣ орандаро ба кофирон, вақто ки оташи ҷаҳаннамро бо чашмашон мебинанд, гуфта мешавад, ки пушаймонии онҳоро бисёр зиёд мегардонад, вале чӣ суду чӣ фоида?»
(Парвардигоро, аз чунин рӯз ба сӯи Худат паноҳ мебарем) Илова бар ин, боз ба онҳо гуфта мешавад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «