Тафсири Сураи Ёсин Ояти 62 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 62
وَلَقَدۡ اَضَلَّ مِنۡكُمۡ جِبِلًّا كَثِيۡرًا ؕ اَفَلَمۡ تَكُوۡنُوۡا تَعۡقِلُوۡنَ ٦٢
Ва лақад аЗалла минкум ҷибиллан касӣро. А-фа лам такуну таъқилун. 62.
62. Ва албатта, Шайтон аз шумо халқи бисёреро гумроҳ сохт, оё намедонистед?
Дар ҳақиқат шайтон чи аз байни шумо ва чи аз мардумони аз шумо пеш гузашта, бо васвасаи худ гурӯҳи бисёреро аз роҳи ҳидоят ба роҳи залолат кашонда гумроҳ намуда буд. Оё шумо ақл дореду мефаҳмед, ки киро тобеъ шудаед? Оё намедонед, ки ин зиндагонии шумо мухолифи амри Аллоҳ ва хилофи шариъати фиристодаи Ӯст? Агар шумо ба фармони Аллоҳ гӯш надиҳед, аз итоати шайтон даст накашед ва бо ҳамин кибру ғурур аз олам гузаред, барои шумо ва амсоли шумо инсонҳо Аллоҳтаъоло дар ояти зер чунин фармудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «