Сураи Ёсин Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 72

وَذَلَّـلۡنٰهَا لَهُمۡ فَمِنۡهَا رَكُوۡبُهُمۡ وَمِنۡهَا يَاۡكُلُوۡنَ ٧٢

Ва заллалнаҳа лаҳум фа минҳа ракубуҳум ва минҳа яъкулун. 72.

72. Ва барои онҳо ҷаҳорпоёнро ром сохтем, пас, баъзе аз он (барои) савории онҳост ва баъзеи онҳоро мехӯранд.

Ин ҳам аз Қудрати Аллоҳтаъоло аст, ки ин Қадар чаҳорпоёнро барои инсонҳо рому мусаххар гардонидааст, ки аз инсонҳо итоъат мекунанд. Ҳатто корвони уштур ва ҳайвоноти дигарро як кӯдак идора карда метавонад, агар хоҳад онҳоро мехобонад ё хоҳад, онҳоро хезонида дар роҳ медарорад. Илова бар ин, Ӯ таъоло баъзе аз ин чаҳорпоёнро дар сафарҳо барои саворӣ, баъзеро барои боркашонӣ ва гӯшти баъзеро барои истеъмол дар ихтиёри инсонҳо гузоштааст. Зикри манфиати чаҳорпоён дар ояти зер идома дорад…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)