Тафсири Сураи Ёсин Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 73
وَلَهُمۡ فِيۡهَا مَنَافِعُ وَمَشَارِبُؕ اَفَلَا يَشۡكُرُوۡنَ ٧٣
Ва лаҳум фӣҳа манафиъу ва машарибу а-фала яшкурун. 73.
73. Ва дар он (чаҳорпоён) барои онҳо манфиатҳо ва ошомиданиҳост, пас, чаро шукр намекунанд?
Тибқи ин оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки илова ба он ки инсонҳо аз ин чаҳорпоён манфиатҳо мебардоранд, аз онҳо суди дигар низ ба мисли истифодаи пашму пӯст ва нӯшидани шир ва ғайра ҳосил мекунанд. Пас чаро бо дидани ин Қадар далелҳои мавҷуда ва барои имон овардан басанда дилашон нарм намегардад? Чаро шукри неъматҳои Парвардигорро намекунанду имон намеоранд? Афсӯс, ки шукргузорон камшуморанд.
Ин аст, ки Аллоҳтаъоло бандагонеро, ки аз неъматҳои атокардаи Худованд баҳравар мегарданду имон намеоранд, ибодати ғайри Ӯро мекунанд, ба ояти зер мавриди таҳдиду итоби шадид Қарор додааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «