Сураи Ёсин Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 71 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 71

اَوَلَمۡ يَرَوۡا اَنَّا خَلَقۡنَا لَهُمۡ مِّمَّا عَمِلَتۡ اَيۡدِيۡنَاۤ اَنۡعَامًا فَهُمۡ لَهَا مٰلِكُوۡنَ‏ ٧١

А-ва-лам ярав анна халақна лаҳум-м мимма ъамилат айдӣна анъаман фа ҳум лаҳа маликун. 71.

71. Оё бо дидаи ибрат намебинанд, ки Мо барои онҳо бо айдино (дастҳо)-и Хеш чаҳорпоёнро офаридем, пас, онҳоро моликанд.

Он чи дар боло гузашт, нишонаҳои олами боло буд, аммо ончи дар ин оят меояд, мисолест аз олами кунунӣ. Инсон бояд Қуръонро бо эътибор бишунавад ва фаҳмад, ки Офаридагор барои ӯ чӣ эҳсони бузурге кардааст. Оё ӯ боре бо тадаббур ва ба чашми ҳақбин ба ашёи гирду атрофи худ назар намесозад ва мушоҳида намекунад? Аллоҳ мегӯяд, ки Мо чаҳорпоёну паррандагон ва ғайраро бе кӯмаки ҳеҷ нафаре бо Қудрату тасарруфи Худ халқ намудем. Оё ин ба Қудрати беинтиҳои Мо далолат намекунад? Илова бар ин лутфи хешро зоҳир сохта, инсонро молики чаҳорпоён гардонидем, ҳар гуна, ки инсон бихоҳад, онҳоро тасарруф намуда, хоҳад мефурӯшад ва хоҳад кор мефармояд ва ғайра. Оё ин ба ваҳдонияти Ааллоҳи бузург далел шуда наметавонад? Кӣ Қодир аст, ки ҷонзодеро биёфарад ва барояш ҳадде муайян намояд? Ҷуз Офаридгор ҳеҷ аҳаде ба чунин кор Қодир нест!

Оятҳои зер эзоҳи ояти болоро иншоаллоҳ, пурра месозанд…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 70 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 72 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)