Сураи Ёсин Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 74

وَاتَّخَذُوۡا مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ اٰلِهَةً لَّعَلَّهُمۡ يُنۡصَرُوۡنَؕ ٧٤

Ва-т-тахазу мин дуниллаҳи алиҳата-л лаъаллаҳум юнсарун. 74.

74. Ва аз ғайри Аллоҳ маъбудонро гирифтанд, то шояд ки онҳоро мадад дода шавад.

Мушрикон чунин одат доранд, ки аз неъматҳо ба таври фаровон истифода мебаранд, аммо чун замони ибодат фаро расад, он бутҳои беҷони аз чӯбу санг бо дасташон сохтаро парастиш менамоянд. Ин тиҳимағзон андеша доранд, ки ин бутҳо, ки ҳатто ба дур кардани магаси рӯйи худ Қодир нестанд, ба ҳангоми зарурат онҳоро мадад хоҳанд кард? Ҳаргиз! Оё шукргузории неъматҳои Ӯ таъоло ин аст, ки неъматҳои Ӯро истеъмол намоӣ ва ғайри Ӯро маъбуду воситаи худ Қарор бидиҳӣ? Ҳаргиз соҳибхирадон ин намуд ибодатро Қабул надоранд.

Ояти зер, валлоҳу аълам, давоми эзоҳи ояти болост, зеро Қудрати он бутҳо ин аст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 73 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)