Тафсири Сураи Ёсин Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 75
لَا يَسۡتَطِيۡعُوۡنَ نَصۡرَهُمۡۙ وَهُمۡ لَهُمۡ جُنۡدٌ مُّحۡضَرُوۡنَ ٧٥
Ла ястатӣъуна насраҳум ва ҳум лаҳум ҷундум муҳЗарун. 75.
75. (Он) маъбудон онҳоро мадад карда наметавонанд, ҳол он ки он бутпарастон барои маъбудон лашкареанд ҳозиркардашуда.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло мушриконро мавриди таҳдиди шадид Қарор дода, ба чунин ваъид (ваъдаи азоб) хитоб намуда фармудааст, ки он бутпарастоне, ки бутҳоро бо эътиқоди том парастиш мекунанд ва барои ҳимояву тарафдории бутҳо ба мисли як лашкар, ё хидматгор, ҳозир ҳастанд, ва молҳо ва Қувваи бозуи худро сарф мекунанду умри азизи хешро дар ибодати нодурусти онҳо зоеъ месозанд, бояд бидонанд, ки бутҳо ба ҳеҷ сурат ба шафоату нусрати онҳо Қодир нестанд. Дар Қиёмат дигар аз он бутҳо барои онҳо ҳеҷ манфиъате нест. Дар он рӯзи ҳисобу китоб, барои зиёд намудани андӯҳи бутпарастон, ҳамаи бутҳояшонро наздашон меоранд. Онгоҳ аз ҳамдигар дурию безорӣ хоҳанд ҷуст. Он вақт бутпарастон хоҳанд донист, ки роҳе рафтаанд хато, эътиқоде кардаанд ботил, таассубе кардаанд нодуруст, умеде аз онҳо намудаанд имконнопазир ва амонии охират барояшон номуҳайё аст. «Дареғо аз умри бар абас рафта, фиғоно аз чунин рӯзи ҷонгудоз» гӯянд ҳам, дигар ба онҳо аз ҳеҷ тараф кӯмаке намерасад. Бинобар ин, Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро ба ояти зер тасаллӣ дода фармудааст, ки…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «