Тафсири Сураи Ёсин Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 76
فَلَا يَحۡزُنۡكَ قَوۡلُهُمۡۘ اِنَّا نَـعۡلَمُ مَا يُسِرُّوۡنَ وَمَا يُعۡلِنُوۡنَ ٧٦
Фа ла яҳзунка Қавлуҳум ‘инна наъламу ма юсирруна ва ма юълинун. 76.
76. Пас, сухани онҳо туро андӯҳгин насозад, албатта, Мо он чӣ пинҳон мекунанд ва он чӣ ошкор менамоянд, медонем.
Аллоҳтаъоло барои тасаллӣ ба Ҳабиби Худ (с) мегӯяд, ки агар мушрикон ба пайғамбарии ту бовар накунанду туро дурӯғгӯй ҳисобанд ва аз ҳеҷ гуна тӯҳмат дар нисбати ту худдорӣ накунанд ҳам, ту андӯҳгину дилгир машав. Ту фароизи ба зиммаат гузоштаро ба ҷо биёру мушриконро ба мо вогузор. Мо аз аҳволи ботину зоҳири онҳо бохабару огоҳ ҳастем. Мо онҳоро бо ин аъмоле, ки доранду содир кардаанд, ҷазои сазовор хоҳем дод. Ту назди мо мақоми баланд дорӣ, сухани онҳо ҳеҷ зиёне ба ту намерасонад.
Аллоҳтаъоло бо овардани далелҳои раднашаванда, ҳақиқати баъсу нушурро собит сохта, ақидаи мушриконеро, ки баъсу нушурро (зинда гардонидани баъди миронидан) дурӯғ мешуморанд, ба оятҳои зерин ботил месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «