Тафсири Сураи Ёсин Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 79
قُلۡ يُحۡيِيۡهَا الَّذِىۡۤ اَنۡشَاَهَاۤ اَوَّلَ مَرَّةٍ ؕ وَهُوَ بِكُلِّ خَلۡقٍ عَلِيۡمُ ٧٩
Қул юҳйӣҳа-л-лази аншааҳа аввала марраҳ. Ва Ҳува би кулли халқин Ъалӣм. 79.
79. Бигӯ: «Он Зоте, ки онро бори нахуст офарид, ӯро зинда кунад ва Ӯ ба ҳар гуна офариниш доност.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки чун ӯ (бадхоҳи ту) мехоҳад, ки туро бо ин мисол овардану савол намудан мулзам созад, хоҳ Қабул дорад ё на, ба ӯ бигӯ, ки Аллоҳтаъоло ҳамеша Қодир буд, ки ҷамии мавҷудоту махлуқоти Худро дар навбати аввал аз адам (нестӣ) эҷоду халқ кунад, бори дуввум халқу эҷоди махлуқот барои Аллоҳтаъоло ҳеҷ душворӣ надорад. Ӯ таъоло дар ҳар гуна офариниш доност. Қодир аст, ки ӯро (инсонро) аз устухонҳои пӯсидаву аз аъзои аз ҳам рехта зинда бисозаду мавриди саволу ҷавоб Қарор бидиҳад. Ҳол он ки Ӯ таъоло бар халқ кардани чизҳои аз ин ҳам аҷоибтар, чуноне ки дар ояти зер фармудааст, Қодир аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «