Тафсири Сураи Ёсин Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ёсин Ояти 78
وَضَرَبَ لَـنَا مَثَلًا وَّ نَسِىَ خَلۡقَهٗ ؕ قَالَ مَنۡ يُّحۡىِ الۡعِظَامَ وَهِىَ رَمِيۡمٌ ٧٨
Ва Зараба лана масала-в ва насия халқаҳ. Қола ма-й юҳйи-л-ъизама ва ҳия рамӣм. 78.
78. Ва ӯ офариниши худро фаромӯш карда, барои Мо мисолеро муқаддима овард, (пас) гуфт: «Ин устухонҳоро, дар ҳоле ки пӯсида бошанд, кӣ зинда мекунад?».
Яъне Аллоҳтаъоло дар ин оят фармудааст, ки Убай ибни Халаф ва амсоли ӯ масали аҷибу ғариб меоранд. Бо устухони пӯсидаи соидашуда Қудрати Моро ба Қудрати махлуқ Қиёс месозанду бо як оҳанги истеҳзову нобоварӣ мепурсанд, ки баъди ба чунин ҳол гирифтор шудан, оё аз нав моро Аллоҳ зинда месозад? Ӯ осию гунаҳкор буда, ҳақиқати офариниши худро, ки аз як Қатра оби ғализ асту Аллоҳтаъоло ба Қудрати Худ ӯро рӯҳу ҷисму сурат додааст, нодида гирифта, аз рӯйи тиҳимағзии хеш Қудрати Офаридгорро бо Қудрати махлуқ Қиёс намуда, зинда гардонидани баъд аз мирониданро имконнопазир мешуморад. Магар ӯ намедонад, ки Холиқи якто дар Қудрат мисли инсон оҷиз нест? Ояти зер посухи суоли афродест, ки ба мисли Ӯбай ибни Халафанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «