Сураи Ёсин Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Ёсин Ояти 80 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ёсин Ояти 80

اۨلَّذِىۡ جَعَلَ لَـكُمۡ مِّنَ الشَّجَرِ الۡاَخۡضَرِ نَارًا فَاِذَاۤ اَنۡـتُمۡ مِّنۡهُ تُوۡقِدُوۡنَ ٨٠

Ал-лазӣ ҷаъала лакум-м мина-ш-шаҷари-л ахЗари наран фа иза антум-м минҳу туқидун. 80.

80. Ӯ чунин Зотест, ки аз дарахтони сабз барои шумо оташро пайдо кард, пас, аз он дарахт шумо оташ меафрӯзед.

Яъне Аллоҳтаъоло ба василаи об дарахтонро месабзонад ва бо мурури айём он дарахтони намноку обдор хушкида, ба ҳезуму оташ мубаддал мешаванд. Аз Қудратҳои хоси Аллоҳтаъолост, ки се чизи ба ҳам муқобил, яъне обу оташу ҳезум дар як ҷо ҷамъанд ва ба ҳамдигар таҷовуз намекунанду бо ҳам меоянд.

Муфассирон дар боби ин оят чунин эзоҳро овардаанд, ки ду дарахтест сабз ва яке Алмарх ном дораду дигаре Алуфор. Дар таркиби ин ҳарду об вуҷуд дорад. Агар аз ҳарду шохае гирифта бо ҳам бисоянд дар натиҷа оташе, ки ниҳоят хушк аст пайдо мешавад ва арабҳои бодиянишин ё мусофирон онро истифода мебаранд.

Оё он Зоте, ки дар як ҷо ҷамъ овардани чунин сифатҳои бо ҳам зид ва тағйир додани онҳо Қодир аст, магар наметавонад мурдагонро аз сари нав зинда бигардонад? Бале, Ӯ тавоно аст, ки бори дигар махлуқоти Ҳудро пас аз фано зинда бисозад.

Ӯ таъоло бо овардани далелҳои боэътимод тавоноияшро ба ояти зер идома додааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ёсин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ёсин Ояти 79 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ёсин Ояти 81 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)