Тафсири Сураи Юнус Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
الر ۚ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْحَكِيمِ ١
Алиф. Лом. Ро. Тилка ойату-л-китоби-л-ҳакӣм. 1.
1. Алиф.Лом.Ро. Ин (оятҳоеро, ки ин сура дар бар гирифтааст) оятҳои китоби боҳикмат аст.
Сухан дар баёни ин ҳарфҳои муқаттаъа (аз ҳам ҷудо) дар оғози сураи “Бақара”, “Оли Имрон” ва “Аъроф” гузашт ва дар он ҷо миқдоре шарҳу эзоҳе дар тафсири ин гуна ҳарфҳо дода шуд.
Дар оғози баъзе сураҳо омадани ин гуна ҳарфҳо аз ҷумлаи оятҳои муташобеҳ (сир) буда, ба ҳақиқати маънои онҳо Аллоҳтаъоло донотар аст. Бо ибораи дигар, дар ибтидои баъзе аз сураҳои қуръонӣ омадани ин гуна ҳарфҳо ишора ба он аст, ки ин ҳарфҳо низ аз гурӯҳи он ҳарфҳоеанд, ки аз онҳо калима ва ҷумлаҳо сохта мешавад, ва аз ҳамин ҳарфҳо оятҳои Қуръонӣ низ мураттаб шудаанд, локин инсон чунон оҷиз аст, ки наметавонад ҳатто як оятеро аз ин гуна ҳарфҳо бисозад.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло ишора ба Қуръон намуда гуфтааст, ки оятҳои қуръонӣ дар маъно чунон маҳкаманд, ки асло шаку шубҳа ё дурӯғ ва ё нуқсоне дохили онҳо шуда наметавонад. Суханаш таназзулнопазир, калимаҳояш аз иваз кардан дар амон ва илме, ки аз он гирифта мешавад, ба куллӣ ба ақлу дониш мувофиқ ва ҳукмҳояш асло мансух (аз амал манъ) нашуданист, зеро баъди он дигар китобе намеояд. Оятҳое, ки дар сураи «Юнус» (а) ҷойгиранд, оятҳои Қуръони карим буда, баёнкунандаи ҳалол ва ҳаром ва дигар ҳукмҳои шаръианд. Ба ин мазмун ояти 213, сураи “Бақара” низ шоҳид аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «