Тафсири Сураи Юнус – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус сураи 10-уми Қуръон буда, дар Маккаи мукаррама нозил шуда, аз 109-оят иборат аст.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳӣм.
Сураи мазкур мисли дигар сураҳои дар Макка нозилшуда, масъалаҳои имону эътиқодро дар бар мегирад. Замоне ки ваҳйи илоҳӣ барои ҳидояти мардум ба Расулуллоҳ (с) нозил мешуд, агарчи ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб набуд, локин мушрикони Макка аз ин ҳодиса ба тааҷҷуб меомаданд ва сухани ҳақро инкор мекарданд. Ин матлабро аз оятҳои аввали ин сура мушоҳида кардан мумкин.
Баъдан, сухан аз нодурустии шартгузории мушрикон меравад, ки онҳо барои ваҳйи илоҳиро қабул кардан, аз Расулуллоҳ (с) муъҷизаи моддӣ дархост карданд. Ҳол он ки ҳар чи қадар муъҷиза мехостанд, Қуръони карим, ки охирон китоби осмонист ва муъҷизаи доимии тамоми асрҳост, барои онҳо кифоя буд.
Сипас сухан дар бораи тарзи дурустии ибодати илоҳӣ меравад, ки мушрикон онро эътироф надоштанд ва аз ҳузури Алоҳтаъоллоҳ омадани Қуръонро бовар намекарданд. Аз ин рӯ, ба ибодатҳои ихтироӣ ва хурофотии худ машғул будаанд. Аз ҳама бадтарин эътиқоди фосиди онҳо он буд, ки мегуфтанд: “Ин бутҳое, ки мо мепарастем, назди (Худои бузург) моро шафоат мекунанд.” Аз барои ҳамин бо шакку тардид бутҳои гуногунро мепарастиданд.
Дар ин сура барои исботи нодурустии эътиқоди онҳо якчанд сифати Худои ягона, ки фақат Ӯ лоиқи парастиш аст, зикр шудааст. Баъдан, дар бораи имон ба рӯзи қиёмат сухан рафта, дар бораи касоне баҳс мешавад, ки онҳо ба омадани он бовар надоранд, ҳамеша машғули ҳавасҳои дунявӣ шудаанд, ҳол он ки барпо кардани Қиёмат назди Худованди мутаъол ҳеҷ мушкилие надорад. Дар ин хусус оятҳои паиҳамомада ҳаст. Яке аз саҳнаҳои рӯзи қиёмат зинда гардонидани ҳамаи мардум аст. Хости Худованд дар он рӯз чунин рафтааст, ки шахсони боимону дар дунё ба ибодати Аллоҳ машғул, сазовори мукофот дохил шудан ба Ҷаннат мешаванд ва шахсони кофиру мушрику гунаҳкор вориди Ҷаҳаннам гардида, мувофиқи амалҳояшон ҷазо мегиранд.
Ҳамин тавр, дар ин сура эътибори инсон ба махлуқоте, ки ба қудрати беандозаи Аллоҳтаъоло далолат мекунанд, ҷалб карда шудааст. Инчунин қиссаҳои умматҳои пайғамбарони гузашта, чун қиссаи Нӯҳ (а), Мӯсо (а) ва Юнус (а) ва қавмҳои саркаши онҳо то ин ки мардум огоҳ шаванду аз онҳо ибрат гиранд ва бо дидаи этибор назар кунанд, зикр шудааст.
Дар оятҳои охир ба Расулуллоҳ (с) ишора шудааст, ки ба шариати Аллоҳ чанг зада дар баробари он ранҷу изое, ки дар ин роҳ аз душман ба ӯ мерасад, сабрро пешаи худ созад. Ин буд мухтасаран назаре ба мундариҷаи сураи “Юнус” (а).
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «