Сураи Юнус Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 16

قُلْ لَوْ شَاءَ اللَّهُ مَا تَلَوْتُهُ عَلَيْكُمْ وَلَا أَدْرَاكُمْ بِهِ ۖ فَقَدْ لَبِثْتُ فِيكُمْ عُمُرًا مِنْ قَبْلِهِ ۚ أَفَلَا تَعْقِلُونَ ١٦

Қул лав шааллоҳу ма талавтуҳу ъалайкум ва ла адрокум биҳ. Фақад лабисту фӣкум ъумура-м мин қаблиҳ. А-фа ла таъқилун. 16.

16. Бигӯ: «Агар Худо мехост, онро бар шумо намехондам ва Худо шуморо ба он хабардор намекард. Пас, ба дурустӣ ки пеш аз вай (Қуръон) дар миёни шумо умре истодам, чаро бо ақл дарнамеёбед?».

Аллоҳтаъоло дурустии сухани Худро алайҳи мушрикон ҳуҷҷат оварда, Ҳабиби худ (с)-ро фармуд, ки ба онҳое, ки мехоҳанд оятҳои моро мувофиқи табъи онҳо тағйир диҳӣ, бигӯ, ки ман барои шумо он чи Худо мехоҳад, мехонам.

Ҳар чиро Ӯ таъоло бихоҳад, ба василаи ман шуморо воқиф мегардонад. Агар Аллоҳ намехост, ман барои шумо Қуръонро тиловат намекардаму мавриди эътирозу нобоварии шумо қарор намегирифтам. Агар Аллоҳ гуфтани сухани Худро намехост, чӣ ҳақ доштам, ки суханҳоеро худам сохта ба Ӯ таъоло нисбат бидиҳам?

Шумо хуб медонед, ки пеш аз он ки барои шумо Қуръонро тиловат кунам, байни шумо муддати чиҳил сол умри худро гузаронидам. Шумо ба ман баҳо медодед, ки ростқавл, амонатнигаҳдор, покиза ҳастам ва дигар ахлоқи ҳасанаи маро мушоҳида кардед. Шумо аз ман розӣ буда, ҳатто бо номи ман зарбулмасал мезадед. Маро Муҳаммадамин мегуфтед. Оё шумо ақл доред? Чаро намефаҳмед, ки дар давоми умри худ то ҳол назди касе зону зада, китобро таълим нагирифтаам ва ё шогирд шуда дар мадраса хондану навиштанро наомӯхтам. Ҳоло барои шумо Қуръон (ҳукмҳои илоҳи)-ро мерасонам, агар ин қуввату доди Илоҳӣ набошад, ман як шахси уммӣ чӣ гуна метавонам суханеро барои шумо гӯям, ки дар фасоҳату балоғат инсу ҷинро оҷиз гардонад? Андеша кунед. Ба шумо маълум аст, ки ман муддати 40-сол ба ҳеҷ кас дурӯғе нагуфтам, касеро туҳмат накардам, чӣ хел ҷуръат карда (наъузу биллоҳ) бар Худованди Қуддус дурӯғеро мебандам? Пас бояд таслим шуд, ки ман сухани Аллоҳро ба шумо мерасонам, Ман наметавонам аз пеши худ, ҳатто нуқтаеро дар он изофа кам ё бадал кунаму ё бидуни ҳукми илоҳӣ ба шумо бирасонам. Ончи, ки Худо мехоҳад, ба забони ман ба шумо мешунавонад. Ҳеҷ махлуқро ҳақ нест, ки ҳаракате ё ҳарферо аз он иваз кунад. Оё ин бар сидқи ростии пайғамбари Аллоҳ будани ман кифоя нест?


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)