Сураи Юнус Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 17

فَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنِ افْتَرَىٰ عَلَى اللَّهِ كَذِبًا أَوْ كَذَّبَ بِآيَاتِهِ ۚ إِنَّهُ لَا يُفْلِحُ الْمُجْرِمُونَ ١٧

Фа ман азламу мим манифтаро ъалаллоҳи казибан ав каззаба би айатиҳ. Иннаҳу ла юфлиҳу-л-муҷримун. 17.

17. Пас, кист ситамгортар аз касе, ки бар Худо дурӯғе барбандад ё оятҳои Ӯро дурӯғ ҳисобад? Ҳаройина, гунаҳгорон растагор намешаванд.

Аз ин оят ва ду ояти қаблӣ маълум шуд, ки дар ҳақиқат Қуръону оятҳои он аз тарафи Парвардигор аст. Чун мушрикон аз Расули Худо (с) хостанд Қуръоне биёрад, ки ғайри ин бошад ва ба матлаби онҳо ҷавобгӯ бошад ва ё онро табдил кунад, Он ҳазрат (с) бар онҳо равшан сохт, ки агар чунин кунад, бар Худои азза ва ҷалла дурӯғ баста ситами бузургро иҷро кардааст. Ҳоло ояти мазкур таъкиди ин суханҳо буда, дар он Аллоҳтаъоло Расули Худ (с)-ро фармудааст, ки ба онҳо (мушрикон) бигӯ, ки оё аз касе, ки бар Аллоҳтаъоло дурӯғеро нисбат диҳад ё оятҳои Ӯро дурӯғ шуморад, ситамгортаре ҳаст?

Агар бошад, ӯ гунаҳгори дараҷаи аввал буда, ин гуна гунаҳгорон ҳаргиз растагор (наҷотёфта) намебошанд. Хулоса, Муҳаммад (с) дар даъвои пайғамбарии худ содиқ аст. Шахсе, ки чунин мартабаи олӣ дорад, чӣ гуна мумкин аст, ки барои ризои мардум шуда сухани дурӯғеро гуфта, онро ба Аллоҳ нисбат диҳад? Вақто ки Ҳирақл, подшоҳи Рум, Абӯсуфёнро пеш аз Ислом оварданаш пурсид, ки он шахсе, ки даъвои пайғамбарӣ дорад, оё дурӯғ мегӯяд?

Абӯсуфён гуфт: “На!” Ҳирақл гуфт: “Шахсе чунин сифат дорад, ҳаргиз сухани дурӯғеро бар Аллоҳ нисбат намедиҳад.” Абдуллоҳ ибни Салом (р) чунин гуфтааст: “Чун Расулуллоҳ (с) ба Мадина ташриф оварданд, ҳама яҳудиёни онҷобуда аз он ҳазрат (с) рамида, аз пазириши дини ӯ (с) гурезон шуданд. Ман ҳам аз ҷумлаи рамидагон будам. Вале чун эшонро дидам, донистам, ки чеҳраи эшон чеҳраи марди дурӯғгӯро намемонад… Ва аввалин сухане, ки аз эшон шунидам ин буд:

«Ай мардум! Салом гуфтанро дар миёни худ интишор кунед, муҳтоҷонро таом диҳед, силаи раҳмро миёни худ барқарор созед, ҳангоме ки мардум дар хобанд, шабонгоҳ намоз гузоред, дар ин сурат бо саломатӣ ба Биҳишт ворид мешавед».


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)