Тафсири Сураи Юнус Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 19
وَمَا كَانَ النَّاسُ إِلَّا أُمَّةً وَاحِدَةً فَاخْتَلَفُوا ۚ وَلَوْلَا كَلِمَةٌ سَبَقَتْ مِنْ رَبِّكَ لَقُضِيَ بَيْنَهُمْ فِيمَا فِيهِ يَخْتَلِفُونَ ١٩
Ва ма кана-н-насу илла уммата-в ваҳидатан фахталафу. Ва лав ла калиматун сабақат ми-р-Раббика ла қуЗия байнаҳум фӣ ма фӣҳи яхталифун. 19.
19. Ва набуданд мардум магар як уммат, пас, ихтилоф карданд. Ва агар калимае ки собиқ аз Парвардигори ту содир шудааст, намебуд, ҳаройина, дар он чӣ, ки дар он ихтилоф доранд, миёни онҳо ҳукм карда мешуд.
Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар додааст, ки тамоми мардум, хоҳ қарнҳои аввали замони Одам (а) ва хоҳ баъди тӯфони Ҳазрати Нӯҳ (а), (ки дар рӯйи Замин ягон кофир боқӣ намонда буд) дар асл ҳама барои Худои ягона ибодат мекарданд, соҳиби як дин ва муъмину яктопараст буданд.
Мушрик шудану байни ҳамдигар ихтилоф кардан, ин як кори навпайдост. Яъне баъди гузашти замонҳо, баъзе аз мардум кофир шуданду баъзе аз онҳо ҳамчунин дар тавҳиду имони худ боқӣ монданд. Баъдан дар асли диндорӣ баъзе бо баъзе ихтилоф пайдо карда, ба фирқаҳо ва гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Худованди таъоло ҳеҷ касро бе ҳуҷҷат муҷозот намекунад.
Барои ба тавҳид бозгардонидани онҳо пайғамбаронро фиристод, то онҳоро бифаҳмонанд, ки Худои таъоло дар ҳеҷ замон ва бар ҳеҷ миллат ширкро иҷозат надодааст. Калимаи баргаштнопазир ин аст, ки Худованд дар ин ихтилофоте, ки мардум доранд, рӯзи қиёмат байнашон доварӣ мекунад.
Хулоса, Аллоҳтаъоло ҷабран ихтилофоти онҳоро нест накард. Дунёро чун маҳали амали онҳо муҳайё сохт, на ҷойи файсалаи қатъӣ. То андозае ба онҳо озодӣ дод, то бо хоҳиши худ амалеро ихтиёр кунанд. Агар он калимаи баргаштнопазир намебуд, он ихтилоферо, ки мардум байнашон доранд, дар ҳамин дунё файсала мекард, кӣ ҳақасту кӣ ботил аз ҳам ҷудо месохт.
Бо ибораи дигар: Ояти мазкур ба фитрати ҳама инсонҳо, ки табиатан мойил ба тавҳид аст, ишора дорад, ки дар оғоз ҳама мардум як умммат буда, ҳама муъмину мусалмон буданд. Ҷуз тавҳид (яккахудопарастӣ) дигар дин дар онҳо вуҷуд надошт. Бо гузашти замон бар асари кӯтоҳандешии баъзе афрод, бо васвасаҳои шайтонӣ дар динашон дигаргунӣ пайдо карда, оҳиста-оҳиста аз масири тавҳидие, ки доштанд, мунҳариф шуда, ба ибодатҳои ширкомез рӯй оварда, ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Гурӯҳе муваҳҳиду яктопараст боқӣ монд ва гурӯҳе аз ваҳмҳо ва пиндорҳои беасоси худ сарчашма гирифта, ба бутпарастӣ даст зада мушрик шуд. Мебоист мушрикон дар ҳамин дунё ба ҷазои ширкашон гирифтор мешуданд, то ҳама муваҳҳид шуда мусалмон боқӣ мемонанд, чаро онҳо муҷозот намешаванд? Ояти мазкур, бе фосила, ба посухи ин савол пардохта гуфтааст, ки агар фармони Илоҳӣ собиқан барои доварии онҳо мавқуф ба рӯзи қиёмат намешуд, ҳатман дар ҳамин дунё дар он чи ихтилоф доштанд, Аллоҳ доварӣ мекарду мушриконро муҷозот мекард.
Дигар ин ки имони инсон на бояд изтирорӣ ё маҷбурӣ бошад. Агар рафту мушрикон бар асари корҳои ширкомезашон дар ҳол муҷозот шаванд, чунин вонамуд мегардад, ки гӯё шахсони муваҳҳид аз рӯйи тарсу ваҳшат имон овардаанд. Агар чунин бошад, ин гуна имон мояи ифтихор нест. Бояд инсон роҳи худро озодона, на иҷборан интихоб кунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «