Сураи Юнус Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 18 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 18

وَيَعْبُدُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ مَا لَا يَضُرُّهُمْ وَلَا يَنْفَعُهُمْ وَيَقُولُونَ هَٰؤُلَاءِ شُفَعَاؤُنَا عِنْدَ اللَّهِ ۚ قُلْ أَتُنَبِّئُونَ اللَّهَ بِمَا لَا يَعْلَمُ فِي السَّمَاوَاتِ وَلَا فِي الْأَرْضِ ۚ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يُشْرِكُونَ ١٨

Ва яъбудуна мин дуниллаҳи ма ла яЗурруҳум ва ла янфаъуҳум ва яқулуна ҳаулаи шуфаъауна ъиндаллоҳ. Қул атунаббиуналлоҳа би ма ла яъламу фи-с-самавати ва ла фи-л-арЗ. Субҳанаҳу ва таъала ъамма юшрикун. 18.

18. Ва аз ғайри Аллоҳ чизеро мепарастанд, ки на зарар мекунад онҳоро ва на суд расонад онҳоро ва мегӯянд: «Инҳо (бутон) назди Аллоҳ шафоъаткунандагони моанд». Бигӯ: «Оё хабардор мекунед Аллоҳро ба он чӣ на дар осмонҳо ва на дар Замин аз вай суроғе надорад?». Покӣ Вайрост ва аз он чӣ онҳо шарики Ӯ муқаррар мекунанд, бартар аст!

Аз силсила оятҳои қуръонӣ хулоса мешавад, ки мушрикон ба таври куллӣ парастиши Худоро тарк накарда буданд. Балки дар баробари Худо (ҷ.ҷ.) чизҳоеро мепарастиданд, ки онҳо аз сангу чӯб ва ғайри инҳо буданд.

Аз ибодати бутҳо на ягон манфиате ба мушрикон мерасид ва на бо тарки ибодат бутҳо қодиранд, ки ба мушрикон ягон зараре расонанд. Илова бар ин, мушрикон мегуфтанд, ки чизҳое, ки мо мепарастем, фардо рӯзи қиёмат назди Худованд барои мо шафеъ хоҳанд шуд. Худованд бо шафоъати онҳо моро дар баробари гуноҳҳои содиркардаамон азоб нахоҳад кард. Во аҷабо, аз камхирадии мушрикон!

Бо дасти худ аз санг ё чӯб бутеро месозанд, ки на мебинаду на мешунавад. Боз умед доранд, ки он бути худсохташон рӯзи қиёмат назди Аллоҳтаъоло барои гуноҳҳои содиркардаи онҳо шафоъат мехостааст. Охир, онҳо фикр накардаанд, ки маъбуд (илоҳ) Зотест, ки ҳаргоҳ бихоҳад, ба банда суду зиён мерасонад. Модоме ки чунин кор аз дасти бутон намеояд, бо таманно аз парастиши онҳо чӣ фоида?

Сипас, Аллоҳтаъоло барои ботил будани даъвои онҳо бо услубе, ки дар эътиқоди мушрикон истеҳзо ворид шавад, ҳуҷҷат барпо намуда, Ҳабиби Худ (с)-ро фармудааст, ки ба мушрикони бутпараст бигӯ, ки Худованд олими сир ва ошкор аст. Ҳар чи дар коинот (Замину осмон) ҳаст, дар иҳотаи илми Ӯ таъолост. Ҳаракати ҳеҷ як зарра, на дар Замин ва на дар Осмон, аз илми Ӯ берун нест. Чӣ шумо медонед, ки дар осмон ё замин шариконе ҳасту Ӯ таъоло онҳоро намедонад? Акнун шумо Ӯро хабар медиҳед? Ҳаргиз! Натиҷа он аст, ки ибодати шумо ва ибодати касе, ки чунин бошад, ботил аст. Аз чунин ибодат ҳеҷ фоидае ба соҳиби ӯ нест. Барои таъкид Аллоҳтаъоло дар давоми оят фармудааст, ки аз он чи золимон дар шаъни Ӯ таъоло мегӯянд ва аз он чи мушрикон ба Ӯ таъоло нисбат медиҳанд, Ӯ таъоло пок аст.

Оре! Ақидаи саҳеҳ он аст, ки Ӯ таъоло на дар Замин ва на дар осмонҳо чизеро наофаридааст, ки шарики худ қарор дода бошад. Пас, мушрикон бо гумони аҳмақонаи худ ин гуна шариконро барои Аллоҳ таъоло аз куҷо ёфтаанд?


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 19 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)