Тафсири Сураи Юнус Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Юнус Ояти 20
وَيَقُولُونَ لَوْلَا أُنْزِلَ عَلَيْهِ آيَةٌ مِنْ رَبِّهِ ۖ فَقُلْ إِنَّمَا الْغَيْبُ لِلَّهِ فَانْتَظِرُوا إِنِّي مَعَكُمْ مِنَ الْمُنْتَظِرِينَ ٢٠
Ва яқулуна лав ла унзила ъалайҳи ояту-м ми-р-Раббиҳ. Фа қул иннама-л-ғайбу лиллаҳи фантазиру иннӣ маъакум-м мина-л-мунтазирӣн. 20.
20. Ва мегӯянд: «Чаро бар Муҳаммад (с) аз Парвардигори вай нишонае фурӯ фиристода нашуд»? Пас, бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки илми ғайб аз они Худо аст, пас, интизор бошед. Ҳаройина, ман бо шумо аз мунтазиронам».
Мушриконе, ки дар замони Расулуллоҳ (с) мезистанд, муъҷизаҳои ӯ (с)-ро чун дуним шудани Моҳтоб ва амсоли онро ошкоро диданд ва ҳоҷат ба дидани дигар муъҷиза набуд, локин ҳеҷ ба онҳо аҳамияте надода, боз хостори муъҷизаҳои дигар шуда гуфтанд: “Мурдаҳоро зинда соз, то ба мо дар сухан шаванд, кӯҳи Сафоро тилло гардон, кӯҳҳоро ҳамвор соз, наҳрҳо ҷорӣ бошанд, то мо дар онҷо боғу бӯстон созем” ва ҳоказо. Аллоҳтаъоло дар посухи ин талабҳо Ҳабиби худ (с)-ро фармуд, ки ба онҳо бигӯ, ки фурӯ фиристодани он чи шумо мехоҳед, илми ғайб буда, хосси Худои таъолост, на кори ман ва на хости шумо.
Ончи шумо аз ман металабед, ҳеҷ зарурате надорад. Ҳар чизе, ки маслиҳати Худо бошад, дар оянда маълум мешавад. Инро бояд бидонед, ки одатуллоҳ чунин ҷорист, ки агар он чи шумо мехоҳед, иҷро шаваду шумо имон биоред, бисёр хуб, агар имон наоред, Худованд бо шитоб шуморо ба азоби шадид гирифтор намуда несту нобудатон месозад. Он чиро, ки аз ман дархост дореду то онро набинед, имон намеореду интизорӣ мекашед, ман ҳам дар бораи худам ва дар бораи шумо ҳукми Худоро интизорӣ мекашам.
Ибни Касир гуфтааст: “Он муъҷизаҳое, ки мушрикон аз Расулуллоҳ (с) дархост намуданд, агар ба хотири соҳиб шудан ба дараҷаи яқини боварӣ ва талаби ҳидоят мебуданд, мақсади онҳоро Аллоҳтаъоло қатъан бароварда месохт. Зеро Худованд бар ҳама кор қодир аст. Локин бо илми азалии Худ медонист, ки хоҳиши онҳо на барои ҳидоят аст, онҳоро ба худашон вогузошт. Дигар ин ки бақои ин умматро Аллоҳтаъоло то рӯзи қиёмат муқаррар кардааст. Нахост ин гуна азоби умумиро болои сари онҳо чун умматони пайғамбарони гузашта биёварду ҳамаи онҳоро несту нобуд созад.” (Бигузор онҳо имон наоранд, авлоди баъди онҳо омада имон овардаанд) Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «