Сураи Юнус Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 21 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 21

وَإِذَا أَذَقْنَا النَّاسَ رَحْمَةً مِنْ بَعْدِ ضَرَّاءَ مَسَّتْهُمْ إِذَا لَهُمْ مَكْرٌ فِي آيَاتِنَا ۚ قُلِ اللَّهُ أَسْرَعُ مَكْرًا ۚ إِنَّ رُسُلَنَا يَكْتُبُونَ مَا تَمْكُرُونَ ٢١

Ва иза азақна-н-наса раҳмата-м мин баъди Зарроа массатҳум иза лаҳум-м макрун фӣ ойатина. Қулиллаҳу асраъу макра. Инна русулана яктубуна ма тамкурун. 21.

21. Ва чун мардумро пас аз сахтие ки ба онҳо расида буд, раҳмате аз Худ бичашонем, ногаҳон онҳоро дар нишонаҳои Мо бадандешӣ бошад. Бигӯ: «Аллоҳ дар расонидани ҷазои макри шумо аз шумо зудтар аст», ҳаройина, фиристодагони Мо он чӣ макр мекунед, менависанд.

Дар шарҳи мазмуни ин оят дар «Тафсири Кобулӣ» чунин омадааст: “Қаҳтии ҳафтсола болои аҳли Макка мусаллат шуд. Қариб буд, ки онҳо ба ҳалокат расанд, ночор назди Расулуллоҳ (с) омада, барои дафъи хушксолӣ талаби дуо намуда ваъда доданд, ки агар ин азоб аз мо бардошта шавад, ба ту имон меорем…”

Хулоса, бо баракоти дуои Он ҳазрат (с) балои қаҳтӣ аз сари онҳо бардошта шуду онҳо ба осудагӣ ноил гардиданд. Ҳамин, ки таҳдидҳои хушксолӣ аз онҳо дур шуд, боз ба он бадкорие, ки пеш аз ин доштанд, бозгаштанд. Оятҳои Худоро масхара карда, даст ба тавҷеҳоти нораво зада онҳоро дурӯғ ҳисобиданд.

Қудрату раҳмати Ӯ таъолоро инкор карда, онҳоро хаёлот ва ваҳмҳои беасос донистанд. Неъматҳои илоҳие, ки ба онҳо расида буд ҳамаро натиҷаи ҳаракатҳо, асбобҳо ва ҳилаҳои худ ҳисобиданд, фоида ва зиёнро ба бутҳояшон нисбат доданд. Ҳангоме ки Аллоҳтаъоло барои ҳушдорӣ муддате онҳоро гирифтори мушкилот гардонду баъдтар он мушкилотро бартараф сохт, ҳамин ки ба оромӣ расиданд, ба ҷойи ин, ки гузаштаро ба ёд орварда, аз он ба Худо паноҳ баранд ва ба ин фарохӣ шукрона гӯянд, баръакс онҳо ин мушкилотро ғазаби бутҳо, неъмату оромиро шафқату муҳаббати бутҳо ё кори тасодуфӣ ҳисобиданд. Дар давоми оят Худованд барои ҳушдори мушрикон Ҳабиби худ (с)-ро фармуд, ки ба чунин тоифа бигӯ, ки ай мушрикон, ин макру ҳила ва чораандешиҳое, ки шумо мекунед, пинҳон намемонад. Ҳамаи онро Кироманкотибин (фариштагон) менависанду ба олами боло арза медоранд. Дар ҷазо додани шумо Худованд шитобноктар аст. Мумкин аст шуморо дар ин дунё то андозае муҳлат диҳаду ривоҷи коратонро арзонӣ фармояд. Шумо чунон мағрур мешавед, ки ҳатто гумон мекунед, ки дигар азобе болои шумо намеояд. Ҳол он ки ваъдаи Аллоҳ ин аст, ки шумо ва амсоли шуморо дар ивази ин бадкориҳоятон аҳёнан дар ин дунё ва куллан дар қиёмат, қатъиян ба ҷазо ва сазо мерасонад.

Дар «Саҳеҳ”-и Бухорӣ ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) ҳамроҳи асҳоб намози субҳро гузориданд. Нишонае зоҳир буд, ки шаб борон борида буд, рӯ ба асҳоб намуда гуфтанд: «Оё медонед ин шаб Парвардигори шумо чӣ гуфт?» Асҳоб дар посух гуфтанд: Аллоҳ ва Расули Аллоҳ (с) медонад. Ровӣ мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Бандагони Ман шабро субҳ мекунанд ба Ман имон доранд ва дигарон кофиранд. Аммо шахсе гӯяд, ки бо фазлу раҳмати Аллоҳтаъоло ба мо борон боронида шуд, ин гуна шахс ба Ман имон дорад ва ба ситорагон кофир аст. Аммо шахсе гӯяд, ки моро фалон ва фалон борон дод, ба Ман кофираст ва имон ба ситорагон дорад».

Хулоса, ояти мазкур аз ақидаи мушрикон, ки ҷоҳилонааст, сухан ронда, сипас онҳоро ба даст кашидан аз ширк ва ба роҳи тавҳид даъват намуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 20 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 22 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)