Сураи Юнус Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 25

وَاللَّهُ يَدْعُو إِلَىٰ دَارِ السَّلَامِ وَيَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَىٰ صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ ٢٥

Валлоҳу ядъу ила дари-с-салами ва яҳдӣ ма-я яшау ила сирати-м-мустақӣм. 25.

25. Ва Худо ба сӯйи сарои саломатӣ (Биҳишт) мехонад. Ва ҳар киро хоҳад, ба сӯйи роҳи рост ҳидоят мекунад.

Аз мазмуни ояти қаблӣ қиммати дунёи фонӣ ва фирефта ба он шудан, арзишу нопойдории зиндагӣ ва бо суръат дигаргун шудани ҳолати он фаҳмида шуд. Дунё барои шахси хирадманд ба ҳар паҳлӯ, ки гардад, ҳама ғаму андӯҳ аст. Аблатта, аз ин гуна фалокатҳо инсон мехоҳад фирор кунаду ба як ҷойи амн худро расонад.

Ҳоло дар ояти таҳти назар Худованд ҳама мардумро ба сӯйи сарое, ки касе дохили он шавад, аз ҳама ғаму андӯҳ, ранҷу машаққат, таклифу парешонӣ ва нуқсону офат сиҳату саломат ва дар амон мемонаду фариштагон ҳар замон аз тарафи Парвардигор ба воридшудагон ҳамчу туҳфа салом медиҳанд, фаро хондааст. Он сарой Биҳишт аст. Дар Биҳишт на кашмакашиҳои ғоратгарону на давутози сарватдорони аз Худо бехабар ҳасту на ҷангу хунрезӣ ва на истеъмору истисмор.

Хулоса, Биҳишт як макони саломатӣ ва як ҷойи амн аст. Локин вориди ин хонаи сулҳ «Дорус-салом» касоне мешаванд, ки онҳоро Худованд ҳидоят карда лоиқ бинаду шоистаи он даргоҳ бошанд. Дигар ин ки дар ҳадиси шариф бо ривояти Ҷобир (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин фармудаанд: «Дар хоб дидам, ки Ҷабраил (а) болои сарам ва Микоил (а) поёни пойи ман истодаанд. Яке аз онҳо бо дигар гуфт: Барои ӯ (с) (пайёмбар) як мисоле бигӯед.» Дар ин ҳангом яке аз онҳо ба ман хитоб карда гуфт: «Мисоли ту ва уммати ту ба кори подшоҳе монанд аст, ки барои худ сарое сохта, дар он сарой хонае бино карда, даруни хона суфраи нозу неъматро густурдааст. Касеро омода сохтааст, то мардумро ба сӯйи ғизоҳои ин суфра даъват кунад, вале бархе аз мардум ин даъваткунандаро иҷобат карданд ва баъзе онҳо ба он даъват чандон парвое накарданд. Пас, он подшоҳ Худованд (ҷ.ҷ.) аст. Он сарой Ислом аст ва он хона Биҳишт аст ва ту эй Муҳаммад, (с) шахси даъваткунанда. Ҳар касе туро иҷобат карду ба Ислом даромад, гӯё ба Биҳишт даромад ва ҳар касе ба Биҳишт даромад, аз неъматҳои он сурфа баҳраманд шуд».

Дар ҳадиси дигаре, ки Абӯ-дардо ривоят кардааст омадааст, ки Расулуллоҳ (с) чунин гуфтанд: «Ҳар рӯз, ки Офтоб барояд, ба ду тарафи ӯ ду фариштаест, ки нидо мекунанд: (ба ғайри инсу ҷин дигар ҳама халқ (мавҷудот) нидои онҳоро мешунаванд) Ай мардум, ҳамаатон ба сӯйи Парвардигоратон биёед. Албатта, он чи каму кифоякунанда бошад, беҳтар аст аз он чи ки бисёр бошаду шуморо ғофил (машғул) созад!».


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)