Сураи Юнус Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Юнус Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Юнус Ояти 42

وَمِنْهُمْ مَنْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ ۚ أَفَأَنْتَ تُسْمِعُ الصُّمَّ وَلَوْ كَانُوا لَا يَعْقِلُونَ ٤٢

Ва минҳум-м ма-я ястамиъуна илаяк. А-фа анта тусмиъу-с-сумма ва лав кану ла яъқилун. 42.

42. Ва аз онҳо касе ҳаст, ки ба сӯйи ту гӯш мениҳад. Оё ту каронро шунавонида метавонӣ, агар аз ақл бебаҳра бошанд?

Аллоҳтаъоло дар ин оят Ҳабиби Худ (с)-ро бо хитоб хабар додааст, ки ҳангоме ки ту барои мушрикон сухани Парвардигор (Қуръон)-ро мехонӣ ё барномаҳои исломиро ба мардум таълим медиҳӣ, мебинӣ, ки дар зоҳир баъзе мушрикон чунон ба суханҳои ту гӯш фаро медиҳанд, ки гӯё онҳо ба ту ва ба Қуръон имон оварда бошанд, локин аз чунин гӯш кардани онҳо чӣ суд?

Онҳо аз рӯйи буғзу ҳасад, бо гӯшу ҳуши хирад намешунаванд ва ҳақро қабул карда наметавонад. Давоми оят чунин гурӯҳ инсонҳоро, ки чандон ақли кофӣ надоранд ба кӯру кар монанд сохта гуфтааст, ки ай Муҳаммад (с), оё ту метавонӣ сухани худро ба ношунавое, ки суханро намешунавад (ва аз ақли солим чандон баҳрае бурда наметавонад ва чизеро дарк намекунаду намефаҳмад) шунавонӣ. Ҳаргиз! Наметавонӣ!

Дар шарҳи маънои ин оят Ибни Касир чунин гуфтааст: “Ту ба мушрикон метавонӣ сухани зебо (Каломи Парвардигор)-и худро шунавонӣ, локин ҳидояти онҳо бар зиммаи ту нест. Агар Аллоҳ онҳоро ҳидоят накунад, ту ба ҳидояти онҳо қодир шуда наметавонӣ!” Оре! Барои ҳидояти инсон танҳо таълимоти саҳеҳ ва далелҳои равшан кифоя набудааст, балки дар баробари он истеъдоди пазириш доштану лоиқи қабули сухани ҳақ будани мухотаб лозим будааст:

Замини шӯра сумбул бар наёрад,

Дар он тухму амал зойеъ магардон.

(Саъдӣ).


Рӯйхати оятҳои Сураи Юнус «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Юнус Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Юнус Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)