Сураи Зумар Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 12

وَاُمِرۡتُ لِاَنۡ اَكُوۡنَ اَوَّلَ الۡمُسۡلِمِيۡنَ ١٢

Ва умирту ли ан акуна аввала-л-муслимӣн. 12.

12. Ва ба ман амр карда шуд, ки нахустин фармонбардорон бошам».

Тарғиби ин амр барои инсонҳои оддӣ, яъне мову шумо, валлоҳу аълам, бештар аст. Аммо махсус намудани Пайғамбар (с) дар ин амр барои огоҳ сохтани дигарон аст, зеро онҳо барои ичрои ин амр ҳақноктаранд. Яъне Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ба бандагон бигӯ, ки албатта, ба ман аз сӯйи Аллоҳ амр шуд, ки ибодати Аллоҳи бешарику ягонаро холисона ба ҷо биёрам.

Пайғамбари Аллоҳ аз гуноҳ маъсум аст. Ба Вай (с) амр мешавад, ки ибодати Аллоҳро аз рӯйи ихлос ба ҷо биёрад, шахсоне, ки дар гуноҳ олудаанд, чӣ бояд кунанд? Албатта, онҳоро зарур аст ибодати худро ба таври холис ба роҳ монанд, вагарна ба ҷуз зиён чизи дигаре набардоранд.

Дар давоми оят ба Муҳаммад (с) амр шуд, ки дар сафу дараҷаи аввали мусулмонон бошад. Дар ҳақиқат Ҳазрат (с) дар замони худ аввалин шахсе буд, ки хилофи дини падарони худ ҳамчун бобокалони худ Иброҳим (а) амал намуда, бутҳоро дарҳам шикаст. Нахустин шахсе буд, ки барои ризои Парвардигори худ ҳукмҳои Исломро пурра ва бе нуқс ба ҷо овард. Дуои аввалину охирини худро фақат ба ҳазрати Парвардигор менамуд ва мегуфт Ё Ҳайю ё Қайюм би раҳматика астағиӣ» ва аввалин бандаи фармонбардори Аллоҳтаъоло буд. (аз тафсири Қуртубӣ).


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)