Сураи Зумар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 13

قُلۡ اِنِّىۡۤ اَخَافُ اِنۡ عَصَيۡتُ رَبِّىۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيۡمٍ ١٣

Қул инни ахофу ин ъасайту Раббӣ ъазаба явмин ъазӣм. 13.

13. Бигӯ: «Ҳаройина, агар ман Парвардигори худро нофармонӣ кунам, аз азоби рӯзи бузург метарсам».

Ин таълими Илоҳӣ, дарси ибратбахш ва насиҳати пандомез барои бандагон аст. Яъне Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки ба мардум бирасон, ки ҳатто ман, агарчӣ пайғамбари барҳаққи Аллоҳ ва аз гуноҳон маъсум бошам ҳам, фаразан рафту аз ман гуноҳе сар занад, аз азоби рӯзи Қиёмат, ки он оташи Ҷаҳаннам аст, сахт метарсам, зеро он азоби бузург аст. Вой бар ҳоли шахсоне, ки аз ин оят панд намегиранд, онро чун абр барои худро аз гуноҳҳо нигоҳ доштан истифода намебаранду огоҳ намешаванд. Вой бар ҳоли шахсе, ки дар гуноҳ кардан ин Қадар ҷуръат мекунад ва аз азоби рӯзи Қиёмат биме надорад. Афсӯси онҳое, ки худро мусулмон медонанд, вале ҳеҷ як рукни Исломро барпо намедоранд ва боз даъвои “Ман мусулмонам”-ро доранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)