Сураи Зумар Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 14

قُلِ اللّٰهَ اَعۡبُدُ مُخۡلِصًا لَّهٗ دِيۡنِىۙ ١٤

Қулиллаҳа аъбуду мухлиса-л лаҳу дӣнӣ. 14.

14. Бигӯ: «Аллоҳро ибодат мекунам (ва) ибодати худро (аз олоиши ширк) барои Ӯ холис мегардонам.

Ин амри Парвардигор аст. Ба расули Худ (с) фармудааст, ки ай Муҳаммад (с) ба мушрикон бигӯ, ки ман ибодати худро ба ҳар чиз олуда намесозам ва ибодатамро холис барои Аллоҳ ба ҷо меорам. Ҳеҷ Зотеро ба ҷуз Ӯ барои худ маъбуд намедонам. Дар ин ҷо чунин ба назар мерасад, ки оят ба такрор омадааст, вале чунин нест. Зеро дар ояти Қаблӣ Расулуллоҳ (с) маъмур ба хавф буданд. Аз рӯйи мазмуни ояти дувум бошад, ба иҷрои ибодат маъмуранд, яъне набояд Расулуллоҳ (с) ба ҷуз Аллоҳтаъоло дигареро ибодат кунанд. Он Ҳазрат (с) на Қабл аз рисолаташон ва на баъди он ҳаргиз бутро ибодат накардаву ба Аллоҳи ягона чизеро ҳатто як лаҳза ҳам шарик надонистаанд! Мазмуни ояти мазкур ба оятҳои сураи «Кофирун» наздик аст.

Ояти зер сифати касонеро, ки амри Аллоҳи ягона ва Расули Ӯ (с)-ро ба ҷо намеоранд, баён кардааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)