Тафсири Сураи Зумар Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 15
فَاعۡبُدُوۡا مَا شِئۡتُمۡ مِّنۡ دُوۡنِهٖ ؕ قُلۡ اِنَّ الۡخٰسِرِيۡنَ الَّذِيۡنَ خَسِرُوۡۤا اَنۡـفُسَهُمۡ وَ اَهۡلِيۡهِمۡ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ ؕ اَلَا ذٰلِكَ هُوَ الۡخُسۡرَانُ الۡمُبِيۡنُ ١٥
Фаъбуду ма шиътум-м мин дуниҳ. Қул инна-л хосирӣна-л-лазӣна хасиру анфусаҳум ва аҳлӣҳим явма-л-Қийамаҳ. Ала залика ҳува-л-хусрону-л-мубӣн. 15.
15. Пас, шумо ҳам ба ғайри Аллоҳ чиро хоҳед, ибодат кунед». Бигӯ: «Албатта, зиёнкорон ононеанд, ки дар рӯзи Қиёмат нафсҳои худро ва аҳлу аёли худро дар зиён андохтанд». Огоҳ бош: ҳамин аст зиёни ошкор!
Валлолҳу аълам, ин фармон бо мақсади таҳдиди мушрикон нозил шуда аст. Тавре дар боло ишора рафт, касоне ки Аллоҳи ягонаро ибодат намекунанд, амри Ӯро ба ҷо намеоранд ва аз манъиёти Ӯ таъоло дурӣ намеҷӯянд, чизеро мехоҳанд, хоҳ бут бошад, хоҳ сангу чӯб, хоҳ нафси худ ё шахсият парастиш мекунанд, дур нест, ки подоши куфрашонро ба сахттарин тарзи азоб хоҳанд дид. Аллоҳтаъоло ба Ҳабиби Худ (с) фармудааст, ки бигӯ, онҳо дар ҳақиқат дар натиҷаи куфри худ зиёндидагонанд. Онҳо дар ивази куфрашон худро, зану фарзанду пайвандони худро бохтаанду ба сӯйи нори сӯзони алангазанандаи Ҷаҳаннам равона намудаанд. Байни онҳо ва аҳлу аёли чунин шахсон ҷудогии доимӣ ҳукмфармост. Онҳо дигар ҳамдигарро намебинанд, то аз чеҳраи ҳамдигар хурсанд шаванд. Ай Қавм, бояд огоҳ шуд, ки ҳадди охирини зиёни ошкоро ҳамин аст ва аз ин сахттар зиёни дигаре нест.
Соҳиби «Тафсири Кабир» нақл кардааст, ки ибни Аббос (р) фармудаанд: «Барои ҳар мард дар Ҷаннат манзилу аҳл ва хидматгузоронро Аллоҳтаъоло муяссар гардонидааст. Агар дар дунё итоати амри Аллоҳро кунад, ба чунин комёбиҳо ноил мегардад. Агар аз аҳли нор бошад, аз ин неъматҳо маҳрум мемонад. Яъне ин шахс зарардида асту аҳлу манзили худро дар Ҷаннат аз даст додааст».
Парвардигоро, ба ту паноҳ мебарем аз чунин зарари ниҳоӣ.
Тибқи ояти мазкур зикри зиёни мушрикон дар дунё гузашт ва бо ояти зер сифати зиёни онҳо дар охират баён мегардад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «