Тафсири Сураи Зумар Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 2
اِنَّاۤ اَنۡزَلۡنَاۤ اِلَيۡكَ الۡكِتٰبَ بِالۡحَقِّ فَاعۡبُدِ اللّٰهَ مُخۡلِصًا لَّهُ الدِّيۡنَ ٢
Инна анзална илайка-л-китаба би-л-ҳаққи фаъбудиллаҳа мухлиса-л лаҳу-д-дӣн. 2.
2. Ҳаройина, Мо ба ростӣ ин Китобро ба сӯйи ту фурӯ фиристодем, пас, дар ҳоле Аллоҳро бандагӣ кун, ки дини Худро барои Ӯ холискунанда боши.
Аллоҳтаъоло ҳабиби Худ (с)-ро зимни ояти мазкур фармудааст, ки ай Муҳаммад (с) Мо Қуръони азимушшаънро ба сӯи ту нозил намудем. Суханҳои он росту дуруст аст. Дар он ҳеҷ як шакку шубҳа вуҷуд надорад. Ҳеҷ гуна ботил дар он дида намешавад. Бинобар ин, танҳо Аллоҳи ягонаро ибодати холисона кун, дар нияту амалат ҷуз Қасди ризои Аллоҳтаъоло чизи дигаре набошад. Дар ибодати худ ҳеҷ гуна ширку риёро роҳ мадеҳ. Мардумро ба ин гуна ибодату бандагӣ Қавлану феълан даъват намо ва ба онҳо бигӯ!!…
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «