Тафсири Сураи Зумар Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 4
لَوۡ اَرَادَ اللّٰهُ اَنۡ يَّـتَّخِذَ وَلَدًا لَّاصۡطَفٰى مِمَّا يَخۡلُقُ مَا يَشَآءُ ۙ سُبۡحٰنَهٗ ؕ هُوَ اللّٰهُ الۡوَاحِدُ الۡقَهَّارُ ٤
Лав ародаллоҳу ай яттахиза валада-л ластафа мим ма яхлуқу ма яшаъ. Субҳанаҳ. Ҳуваллоҳу-л-Ваҳиду-л-Қаҳҳар. 4.
4. Агар Аллоҳ мехост фарзанд гирад, албатта, (мушриконро намепурсид ва) аз махлуқоти Худ чизеро мехост, интихоб мекард. Покӣ Ӯрост, Ӯст Аллоҳи ягонаи неруманд.
Ин оят ба даъвои мушрикон, ки фариштагонро духтарони Аллоҳ медонанд, яҳудиҳо, ки Узайр (а)-ро фарзанди Аллоҳ мехонанд, насоро, ки Исо (а) писари Аллоҳ аст мегӯянд, радд аст. Аллоҳтаъоло дар ин оят баён намуд, ки мар Ӯ таъолоро фарзанд нест! Агар фарз кунем, Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло аз махлуқоти Худ фарзанде интихоб мекард, ба ихтиёри Худ буд, касеро мехост, фарзанд мехонд, бо ихтиёри ин мушрикону яҳуду насоро набуд. Аммо ин тоифа ҳар киро мехоҳанд, ба фарзандии Аллоҳтаъоло нисбат медиҳанд. Аз онҳо пурсида шавад, ки шумо дар ихтиёри Аллоҳ ҳастед ё Ӯ таъоло ба ихтиёри шумо? Аз куҷо ин ақидаи ботилро пайдо намудед? Ҳол он ки Аллоҳтаъоло аз фарзанддорию таваллуд пок аст! Хулоса, Аллоҳтаъоло бешарик аст. Ӯ поку Воҳиду Аҳад аст. Аз ҷамии мислсозӣ ва монандсозӣ орию барӣ аст! Ӯ таъоло Қаҳҳор асту ҳамаи ашё таҳти Қаҳри Ӯ таъоло Қарор доранд. Пас чӣ гуна Ӯро шарику мислу монанд будааст? Мушрикон бо ин саволҳо чӣ посух медиҳанд?
Ояти зер, иншоаллоҳ, далелҳои Қудрату ваҳдоният ва бо азамат будани Аллоҳтаъолоро баён месозад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «