Сураи Зумар Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 5

خَلَقَ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضَ بِالۡحَقِّ‌ ۚ يُكَوِّرُ الَّيۡلَ عَلَى النَّهَارِ وَيُكَوِّرُ النَّهَارَ عَلَى الَّيۡلِ وَسَخَّرَ الشَّمۡسَ وَالۡقَمَرَ‌ؕ كُلٌّ يَّجۡرِىۡ لِاَجَلٍ مُّسَمًّى‌ؕ اَلَا هُوَ الۡعَزِيۡزُ الۡغَفَّارُ ٥

Халақа-с самавати ва-л-арЗа би-л-ҳаққи юкаввиру-л-лайла ъала-н-наҳари ва юкаввиру-н-наҳара ъала-л-лайл. Ва саххара-ш-шамса ва-л-Қамар. Куллу-й яҷрӣ ли аҷали-м мусамма. Ала Ҳува-л-Ъазӣзу-л-Ғаффар. 5.

5. Осмонҳо ва Заминро бо тадбири дуруст офарид мепечонад шабро бар рӯз ва мепечонад рӯзро бар шаб ва мусаххар сохтааст Офтоб ва Моҳтобро ҳар яке дар вақти муайяни худ мераванд. Огоҳ бошед: Ӯст ғолибу омурзгор.

Як назар бо дидаи эътибор дар сохти Заамину осмонҳо ва аҷоиботи онҳо барои оҷизии худро эътироф намудани инсони бохирад басандааст. Бинобар ин, инсон бояд ба яқин бидонад, ки ба ҷуз Аллоҳтаъоло касе Қодир нест, онҳоро биёфарад. Офтоб, Моҳтоб он Қадар бо тадбири олӣ сохта шудаанд, ки аз лаҳзаи офариниши онҳо агар ҳазор солҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, аз рӯи низоми муайянкардаи Аллоҳтаъоло то имрӯз бидуни ҳеҷ як халалу нуқсон дар хати сайри худ дар ҳаракатанд. Чун Офтоб ғуруб мекунад, оҳиста-оҳиста пардаи торикии шаб рӯзро мепечонад (фаро мегирад), равшаниро аз байн мебарад ва шаб ҳукмфармо мешавад. Монанди ин рӯз ҳам чун шаб ба охир мерасад, аз тарафи машриқ сафедӣ доман паҳн карда, тамоми торикии шабро оҳиста-оҳиста аз байн мебарад. То Қиёмат чунин низом боқӣ мемонад. Оё ин магар барои Қудрату ваҳдонияти Аллоҳтаъоло далел шуда наметавонад?

Инсоф кунед, ба ҷуз Аллоҳтаъоло чунин низомро кӣ идора карда метавонад? Посух якто ва раднашаванда аст! Аллоҳ (ҷалла ҷалолуҳу) ин тартиби дурустро офарид ва то рӯзи Қиёмат аз он ҳимоя мекунаду онро идора мекунад. Ба ҷуз ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ҳеҷ кас наметавонад чунин махлуқоти бузургро аз кор боз дораду онҳоро дарҳаму барҳам занад. Инсони бохирад бояд бидонад, ки Қудрати Аллоҳтаъоло комилу бар ҳама шайъ ғолиб аст, раҳмату мағфирати Ӯ интиҳо надорад. Бояд холисона ибодат намуд ва ҳеҷ касро ба Ӯ набояд шарик донист. Аллоҳуммағфирлано ва ли волидайно вали ҷамиъил муъмӣнина явма яқумул ҳисоб.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)