Сураи Зумар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 42

اَللّٰهُ يَتَوَفَّى الۡاَنۡفُسَ حِيۡنَ مَوۡتِهَا وَالَّتِىۡ لَمۡ تَمُتۡ فِىۡ مَنَامِهَا‌ ۚ فَيُمۡسِكُ الَّتِىۡ قَضٰى عَلَيۡهَا الۡمَوۡتَ وَ يُرۡسِلُ الۡاُخۡرٰٓى اِلٰٓى اَجَلٍ مُّسَمًّى‌ ؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰیٰتٍ لِّقَوۡمٍ يَّتَفَكَّرُوۡنَ ٤٢

Аллоҳу ятаваффа-л-анфуса ҳӣна мавтиҳа ва-л-латӣ лам тамут фӣ манамиҳа. Фа юмсику-л латӣ ҚаЗа ъалайҳа-л-мавта ва юрсилу-л-ухра ила аҷали-м мусамма. Инна фӣ залика ла айати-л ли Қавми-й ятафаккарун. 42.

42. Аллоҳ нафсҳоро ҳангоми марги онҳо мегирад ва он нафсҳоро, ки дар хоб намурдаанд, низ Қабз мекунад, пас, он нафсҳоро, ки бар онҳо ҳукми маргро кардааст, нигоҳ медорад ва он дигарро то вақти муайян мефиристад. Ба дурустӣ, ки дар ин кор барои Қавме, ки тафаккур мекунанд, нишонаҳое ҳаст.

Аллоҳ ҷалла ҷалолуҳу ҳангоми фарорасии марг рӯҳи (ҷони) инсонро аз баданаш берун мекунад, инчунин рӯҳи инсони хобрафта низ аз баданаш берун мешавад. Яъне Аллоҳтаъоло рӯҳи (ҷони) инсонҳоро дар ду ҳолат аз баданашон берун мекунад:

1.Ҳангоми марг

2.Ҳангоми хоб

Аз ин рӯ ҳакимон маргро хоби гарон ва хобро марги сабук номидаанд.

Аллоҳтаъоло дар вуҷуди инсон бо кадом тариқе, ки хоҳад, тасарруф мекунад. Агар умри инсон ба охир расида бошад, ҷони ӯ дигар ба ҷисмаш баргардонида намешавад. Яъне инсон вафот мекунад. Агар ҳоло Қисми умри инсон боқӣ бошад, ҷон ба ҷисм бармегардад ва инсон аз хоб бедор мегардад.

Ибни Аббос (р) дар мазмуни ин оят гуфтааст: «Рӯҳи зиндаҳо ва мурдаҳо бо ҳам вомехӯранд, иродаи Аллоҳтаъоло то куҷое бошад, онҳо ҳамдигарро мешиносанд, арвоҳи зиндаҳоро ба сӯйи ҷасадҳояшон мефиристад арвоҳи мурдагон мехоҳад, ки руҷӯъ кунанд, Аллоҳтаъоло онҳоро боз медорад». Чунин тасарруфи аҷиб ба камоли Қудрати Аллоҳтаъоло ва ба илми Ӯ, ки баъзеро зинда мегардонад ва баъзеро мемиронад, ошкоро далолат мекунад. Шахсоне, ки соҳиби ақлу хираданд ва истеъдоди дарк кардану фаҳмидан доранд, бидуни ҳеҷ як шакку шубҳа эътироф мекунанд, ки ба чунин кор танҳо ягона Аллоҳтаъоло Қодир асту на буту на чизи дигар!


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)