Сураи Зумар Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 43

اَمِ اتَّخَذُوۡا مِنۡ دُوۡنِ اللّٰهِ شُفَعَآءَ‌ ؕ قُلۡ اَوَلَوۡ كَانُوۡا لَا يَمۡلِكُوۡنَ شَيۡـًٔـا وَّلَا يَعۡقِلُوۡنَ ٤٣

Ам-иттахазу мин дуниллаҳи шуфаъаъ. Қул а-ва лав кану ла ямликуна шай-ав ва ла яъқилун. 43.

43. Оё ба ҷуз Аллоҳ шафоъаткунандагонро гирифтаанд? Бигӯ: «Агарчи чизеро молик нестанд ва кореро ақл намекунанд (оё шафоъат карда метавонанд)??».

Дар истилоҳи дини Ислом шафеъ (шафоъаткунанда) касе аст, ки рӯзи Қиёмат бахшиши гуноҳи шахси дигарро аз Парвардигор хоҳиш ва илтимос мекунад. Дар ин оят Худованд ақидаи ботил ва нодурусти мушриконро шадидан танқид мекунад. Мушрикон ақида доштанд, ки бутҳояшон онҳоро ба Аллоҳ наздик мекунанд, байни онҳо ва Аллоҳтаъоло восита (васила) шуда, онҳоро назди Аллоҳ шафоъат мекунанд. Бинобар ин, ояти мазкур мефармояд, ки оё Аллоҳро во гузошта, бе иҷозати Аллоҳ дигар шафоъаткунандагонро гирифтед? Магар аз рӯйи ақли солим боре андеша намекунед, ки ин бутҳо назди Аллоҳтаъоло ҳеҷ Қадру Қимате надоранд? Оё барои мушрикон ибодати он бутҳо басанда набуд, ки боз онҳоро барои худ шафоъаткунанда интихоб намуданд?

Давоми оят мефармояд, ки ай Муҳаммад (с), ба онҳо бигӯй, ки бутҳои шумо молики ҳеҷ чиз нестанд, соҳиби ақл ҳам нестанд, пас чӣ гуна шофеъи шумо мешаванд? Вой бар ҳоли шумо, ки ноқисулақл ҳастед!

Афсӯс, ки шумо умри худро беҳуда зоеъ намудаед! Эй кош, хатогии худро медонистед! Ояти зер ҳуқуқи шафоаткунандагонро, иншоаллоҳ, эзоҳ медиҳад:


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 42 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)