Тафсири Сураи Зумар Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 48
وَبَدَا لَهُمۡ سَيِّاٰتُ مَا كَسَبُوۡا وَحَاقَ بِهِمۡ مَّا كَانُوۡا بِهٖ يَسۡتَهۡزِءُوۡنَ ٤٨
Ва бада лаҳум саййиату ма касабу ва ҳақа биҳим-м ма кану биҳӣ ястаҳзиун. 48.
48. Ва онҳоро ҷазои бадиҳои аъмоле, ки карда буданд, барояшон ошкор шавад. Ва онҳоро он азобе, ки ба он истеҳзо мекарданд, иҳота кунад.
Дар ҳақиқат мушрикон бо дурӯғ ҳисобидани Қуръону Расули Аллоҳ (с) дар нафсҳои худ зулм кардаанд. Вақто ки онҳо маҳкум ба азоби Илоҳӣ мешаванд ва сахтии азобро дарк мекунанд, розӣ мешаванд, ки дар ивази ҷони худ ҳамаи он чи, ки дар рӯйи Замин аст ва мисли онҳоро низ фидя диҳанду худро аз чунин азоб халос созанд, Локин чунин орзуи фидядиҳӣ баъди зоҳир шудани азоби Илоҳӣ, баъди маълум шудани натиҷаи он бадиҳои дар дунё содиркардаашон ба фикрашон меояд, аз ин андешаи номаҳал онҳоро дигар чӣ суд мерасад? Охир чун онҳоро аз омадани чунин рӯз огоҳ месохтанд, инро мазоҳ мефаҳмиданду масхара мекарданд. Ҳоло бошад, онҳо дар иҳотаи тамоми бадиҳои дар дунё содиркардаашон, (ё дар иҳотаи он азобе, ки омадани онро масхара мекарданд) мондаанду ин ҳақиқатро вақто фаҳмиданд, ки кайҳо тиҳидастанд. Худро дар дунёе дидаанд, ки дар он молу сим ба кор намеравад. Молу ҳолашон дар дигар дунё мондааст. Вақти ислоҳу амал дар дунё буд, онро низ аз даст додаанд. Ин ҷо бошад, ҷои ислоҳу узру тавбаю амал нест. Ин ҷо ҷои мукофот бардоштан аст. Акнун онҳо дигар чӣ кор мекунанду худро ба куҷо мезананд?? Оё аз ин оят дида барои мушрикон ваъиди шадидтаре вуҷуд дорад? Ҳаргиз на!
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «