Сураи Зумар Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Зумар Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Зумар Ояти 51

فَاَصَابَهُمۡ سَيِّاٰتُ مَا كَسَبُوۡا‌ ؕ وَالَّذِيۡنَ ظَلَمُوۡا مِنۡ هٰٓؤُلَاۤءِ سَيُصِيۡبُهُمۡ سَيِّاٰتُ مَا كَسَبُوۡا ۙ وَمَا هُمۡ بِمُعۡجِزِيۡنَ ٥١

Фа асабаҳум саййиату ма касабу. Ва-л-лазӣна заламу мин ҳаулаи саюсӣбуҳум саййиату ма касабу ва ма ҳум би муъҷизӣн. 51.

51. Пас, ба онҳо уқубатҳои он чӣ касб карданд, расид ва ба касоне ки аз ин гурӯҳ ситам карданд, зуд аст ба онҳо уқубати бади он амалҳояшон хоҳад расид ва онҳо Аллоҳро оҷизкунанда нестанд.

Валлоҳу аълам, ҷузъи ояти мазкур давоми ояти Қаблӣ буда, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ба ивази ҳар амали баде, ки мушрикон (чун Қорун), иҷро намуданд ҷазо диданд. (Қорун писари амаки Мӯсо (а) буд. Ӯ яке аз калонтарин бойҳои даврони худ ба ҳисоб мерафт. Чун закотро надоду ба Мӯсо (а) туҳмат зад, бо дуои Мӯсо (а) Замин ӯро фурӯ бурд). Онҳо, бо касб намудани ин ё он гуноҳ, аз он ҷумла мушрикони Қурайш Худовандро оҷиз гардонида натавонистанд, балки бар нафсҳои худ зулм намуданд, чуноне ки ба золимони пеш аз онҳо буда ҷазои амалҳои касб намудаашон расид, ба онҳо низ расид. Ҳеҷ яке аз ин гурӯҳи золимон на иродаи Аллоҳтаъолоро рад карда тавонистанду на Ӯ таъолоро оҷиз гардониданд.

Дар «Тафсири Байзовӣ» омадааст, ки ба онҳо ҷазои аъмоли зишташон воқеъ шуд. Аз ҷумла, муддати 7-сол Қаҳтию гуруснагӣ кашиданд. Ҳатто барои тановул ба чизҳои мурдор рӯй оварданд, дар ҷанг сардорошон ба ҳалокат расиданд.

Хулоса, мушрикони ҳама давру замон бе муҷозоти Аллоҳтаъоло нахоҳанд монд. На пешиниён ва на баъдиҳо чун азоби муқаррар шудаи Илоҳӣ барояшон биёяд, бо молҳои худ онро гардонида натавонанд ва аз он халосӣ ҳам наёбанд. Онҳо бояд бо молу сарвати худ мағрур нагарданд. Зеро агар мол ба инсон наҷот мебахшид, Қорун халос мешуд. Вай дар охир ҳамаи моли худро барои халоси аз марги намунавори нотакрор доданӣ шуд, локин аз Қабзаи марг халос шуда натавонист.


Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Зумар Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Зумар Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)