Тафсири Сураи Зумар Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 52
اَوَلَمۡ يَعۡلَمُوۡۤا اَنَّ اللّٰهَ يَبۡسُطُ الرِّزۡقَ لِمَنۡ يَّشَآءُ وَيَقۡدِرُؕ اِنَّ فِىۡ ذٰلِكَ لَاٰيٰتٍ لِّقَوۡمٍ يُّؤۡمِنُوۡنَ ٥٢
А-ва лам яъламу анналлоҳа ябсуту-р-ризқа ли ма-й яшау ва яқдир. Инна фӣ залика ла айати-л ли Қавми-й юъминун. 52.
52. Оё надонистанд, ки Аллоҳ фарох мекунад ризқро барои ҳар кӣ хоҳад ва танг мегардонад барои ҳар кӣ хоҳад? Албатта, дар ин (муъомала) барои Қавме, ки имон меоранд, далоилу аломатҳо ошкор аст.
Агар мушрикон аз Худо бехабарон ба сабаби он неъмати бисёре, ки дар дунё доранд, мартабаи худро аз мардум баланд бидонанд, бояд ба мазмуни ин оятҳо таваҷҷӯҳ зоҳир созанд. Яъне дороӣ ё фақирӣ дар дунё василаи ҷудо кардани инсонҳо ё сабаби мартабаи онҳо назди Аллоҳтаъоло нест. Гуфта намешавад, ки сарватманд лутфи Илоҳиро соҳиб гаштаасту нодор номеҳрубониро. Бояд ба яқин донист, ки дарёфти сарвату мол бо ҳунару истеъдод сабаби ба даргоҳи Илоҳӣ лоиқ будан нест. Дар аввал аз ҳама беҳтар имони ҳақиқӣ лозим аст. Магар мушрикон инро намедонистанд, ки Аллоҳтаъоло ризқи баъзеҳоро фарох ва баъзеҳоро танг мегардонад? Ризқу рӯзӣ тобеъи Қисмати рӯзи азал ва ҳикмате аз ҳикматҳои ӯст.
Ризқу рӯзӣ ба кордонӣ нест,
Ҷуз ба таъйиди осмонӣ нест.
(Саъдӣ)
Ҳазорҳо далелҳо вуҷуд дорад, ки бадкорон зиндагии шоҳона ва некӯкорон зиндагии фақирона доранд. Аз ин тақсимот набояд ҳайрон шуд, зеро ин тақдир аст ва бандаи муъмин ба тақдири худ таслим асту шикоят надорад.
Агар рӯзӣ ба доноӣ дар афзудӣ,
Зи нодон камрӯзитар набудӣ. (Саъдӣ)
Вале Аллоҳтаъоло танбалонро дӯст надорад. Бояд касби ҳалолро пеша намуд ва то ҷое аз он ризқ ҳосил мегардад, бо шукрона бояд розӣ шуд.
Дар давоми оят омада, ки дар он чи зикр шуд, барои муъминони ибратгиранда далелҳою аломатҳо мавҷуд аст. Албатта, касе, ки муъмин асту ин нишонаҳоро эътироф мекунад, метавонад аз онҳо бо тадаббуру таҳаммул барои худ дарси ибрат гираду дар шак намонад.
Таъкид: Агар касе аз рӯйи шакку шубҳа «Чаро ман як фарди намозхон ва рӯзадор, аз гуноҳ дурӣ меҷӯям, Аллоҳро ҳамеша ёд месозам, бисёр бо машаққат рӯз мегузаронам, аммо фалон кас на намоз мехонад, на рӯза мегирад ва на парвои Қиёмат дорад, сарвати беназир дорад?» бигӯяд, бар ӯ таҷдиди имон лозим меояд, зеро ба тақдири муқарраркардаи Аллоҳ розӣ набудааст.
Ҳикмати Илоҳӣ чунин рафта, ки аксари олимон дар тангдастӣ ва аксари ҷоҳилон бо фарохрӯзӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Дар ҳақиқат, ин ҳолат ваҳмҳоро дар ҳайрат мегузорад ва ҳатто аз имкон берун нест, ки гоҳо олими забардастро аз рӯйи шакку ҳайрон монданаш таҷдиди имон лозим меояд. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «