Тафсири Сураи Зумар Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Зумар Ояти 56
اَنۡ تَقُوۡلَ نَفۡسٌ يّٰحَسۡرَتٰى عَلٰى مَا فَرَّطْتُّ فِىۡ جَنۡۢبِ اللّٰهِ وَاِنۡ كُنۡتُ لَمِنَ السّٰخِرِيۡنَۙ ٥٦
Ан тақула нафсу-й йа ҳасрата ъала ма фарратту фӣ ҷанбиллаҳи ва ин кунту ла мина-с-сахирӣн. 56.
56. Ва (пеш аз он ки) ҳар нафс бигӯяд: «Эй вой бар ман, ба он чӣ дар ҳаққи Аллоҳ кӯтоҳӣ кардам ва албатта, аз тамасхуркунандагон будам (Қуръонро пайрави кунед)».
Тавре дар боло ишора рафт Қабули тавбаю тоат ва пайравӣ намудан аз Қуръон Қабл аз омадани азоби ногаҳонӣ фоидабахш аст. Инро ояти мазкур ҳам тасдиқ мекунад. Дар он омада, ки бозгаштан аз роҳи ҷурму гуноҳ пеш аз ҳолати марг ва ҷондиҳӣ бояд сурат бигирад. Дар охири умр ҳар нафс (кас) ба худ гӯяд, ки эй ҳазор вой бар ман, ки чи гумроҳ будаам, ки ба Парвардигори худ беэътиноӣ содир кардам ва чи беҳаё будаам, ки сухани Аллоҳро, ки дар Қуръон дарҷ ёфтааст, эътибор надодаам ва чи беинсоф будаам, ки дар нисбати онҳо истеҳзоро раво дидам. Эй вой бар ман, ки аз ҷумлаи масхаракунандагони дину шариъати барҳаққи Илоҳӣ будам.
Хулоса, чунин шахс дар лаҳзаҳои охир гуноҳи худро эътироф менамояд, локин ҳайҳот, оё инро мегӯяд ё не…ё
Рӯйхати оятҳои Сураи Зумар «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «